Кӯдаки тиллоӣ

№86 (3880) 12.07.2018

(Памфлет)

knofotoru-vipiska-roddom-10 копияРоҳи ягонаи халосӣ аз бемориро барои ҳамсарам духтурон дар таваллуди навбатии кӯдак диданд. «Саломатии ҳамсар бароям қимати зиёд дорад», — гӯён бо сад андешаву хаёл пайи иҷрои дастури духтурон шудем. Ногуфта намонад, ки набераи калонӣ аллакай «бобогӯяк» аст!

Ниҳоят, рӯзи тавлиди тифл фаро расид. Модари бачаҳо луқма партофт, ки «бо худ андаке пул гиред, зарур шуданаш мумкин». Пули дар кисаамбударо дар назар дошта, бо хотири ҷамъ паси фармони сабукрав нишастам. Аз шарм назди келинҳо чун лаблабу сурх шуда, худ ба худ мегуфтам: «Ин чӣ кори кардагиат, пиракӣ?!». Ҳамзамон худро тасаллӣ медодам, ки саломатии модарашон болотар аст. Мардум ҳар чӣ гӯянд, гуфтан гиранд…

Бо ҳамин андеша ба таваллудхона омадем. Табибони ҳозиқ зуд аз паи кор шуда, кампири маро бистарӣ карданд. Бархе аз ҳамшираҳои шафқат ин манзараро дида «пиқ-пиқ» механдиданд. Онҳо аз куҷо медонистанд, ки ин ягона роҳи халосии модари бачаҳо аз  бемории муосир буд…

Даруни сабукрав боз ҳам аз «иқдом»-и худ андеша мекардам, ки келини калонӣ давида омада, гуфт:

- Барои пур кардани картаи беморӣ 12 сомонӣ, барои муоина 25 сомонӣ додан ҳатмӣ будааст.

Аз ҷайб 35 сомониеро, ки барои бо ҷӯраҳо «чақ-чақ» кардан нигоҳ медоштам, бароварда додам.

Боз ба хаёл рафтам. Ҳамин лаҳза тирезаи мошинро касе зад. Бинам, келини хурдӣ. Ӯ саросема лаб ба сухан кушод:

- Духтурон ин рӯйхатро дода гуфтанд, ки зуд дору харида орем…

- Хуб шудааст, — гӯён ҳар ду ба дорухонаи дами дарвозаи таваллудхона рафтем. 112 сомонӣ мешудааст арзиши дору. Ин дафъа аз дигар киса пули аз ҳамсарам пинҳонкардаро бароварда, гила кардам, ки дору чаро ин қадар гароннарх? Гуфтанд, ки як ба рӯйхат назар афканам. Бинам, дар ҳақиқат рӯйхат басо дароз. Ҳамин тариқ муоина барои мане, ки корманди идораи буҷетӣ ҳастам, 149 сомонӣ  афтод.

Ниҳоят, лаҳзаи шодӣ фаро расид. Келинҳо дав-давон хабар оварданд, ки «чашми модарашон равшан шудааст». Ман ҳанӯз даҳон накушода, гуфтанд, ки дадаҷон, писари сеюм муборак!

Аз шарм сурх шуда, «ташаккур» гуфтаму тараддуди ба хона рафтан кардам, ки яке аз онҳо гуфт:

- Духтуронро розӣ кардан лозим…

Ҳарфе назада даст ба ҷайб бурдам, ки якто даҳ сомонӣ баромад. Ноилоҷ ҳамонро дароз кардам, ки келини калонӣ гуфт:

- Ин барои фаррош мешавад, аммо барои…

Ногоҳ ба хотирам расид, ки се фарзандро 35 сол муқаддам, вақти ба дунё омаданашон, ба шахси хабаррасон якто 10 — сӯма дода будам. Баъд ба ман фаҳмониданд, ки ин ҷо ҳамшираи шафқату момодоя, духтуру навбатдорон ва ҳатто посбони дару мудири дорухона низ аз ман шодиёна умедворанд.

Қарор кардем, ки рӯзи ҷавоб додани модарашон боқимонда шодиёнаро медиҳем. Ҳамин тавр, рӯзи сеюм писарчаи дар пиронсолӣ ёфтаамонро аз таваллудхона ҷавоб доданд. Гумон кардам, ки бо «Москвич-412», ки аз даврони шӯравӣ монда буд, ҳамсарамро меорам. Намедонистам, ки дар асри ХХ1 анъанаи нави аз таваллудхона гирифтани навзод роиҷ будааст.

Фарзандон маро, ба қавле, либоси протоколӣ пӯшонида, галстуки ҳамсоямуаллимро, ки он ҳам мисли галстуки солҳои 80-уми асри ХХ сергул буд, орият гирифта, ба гарданам бастанд. Болои кисаи беруни костюм гулғунчаи сунъӣ часпонида, ба сарам шляпа ҳам  гузоштанд.

- Дадаҷонамон домоди наппа-нав шуданд, — гуфтанд хурсандона онҳо.

Ба тани «Москвич»-ам лентаи сурху сафед часпонида,  як лӯхтак — хирсчаи набераамонро, ки дар болохона чанг зер карда мехобид, ёфта, ба  пештоқаш устувор карданд. Ба қавле, «як мошин шуда» ба таваллудхона барои овардани модару тифли навзод рафтем.

Омадани мо ба таваллудхона «як ҷаҳон шодӣ» овард. Тифли навзод дар дасти кадоме аз кормандони таваллудхона буду баробари аз мошин фаромадани ман селаи хилъати сафедпӯшон ба сӯям давиданд. «Писар муборак шавад, падарбобо,  писардор шудед-а!» — гуфтанду умедворона ба дасту кисаам назар давонданд. Ман ҳам  як қисми пулро аз киса бароварда,  «марҳамат, оши баданатон шавад», — гӯён аз сари кӯдаку модараш пошидам. 7-8 нафар духтуру момодоя, ҳамшираи шафқату дарбони таваллудхона нигоҳ аз ман намеканданд. Бинам, корманди буғхона ҳам барои  «шодиёна» гирифтан омадааст. Пули боқимондаро  тақсим кардам. Маълум шуд, ки ба ду нафари дигар пул нарасидааст. Барои зуд аз хиҷолат баромадан ба ҷавонзан гуфтам:

- Духтарам, ҳамин шляпаи ман нав набошад ҳам, шак­лаш вайрон нашудааст. Ба шавҳаратон баред, аз  офтоб­занӣ эмин медорад!

Ба дуюмӣ бошад, гулғунчаи сунъии пеши кисаи костюмро канда дода гуфтам:

- Инро бо нияти нек, ба рӯзи тӯйи домодии писаратон ба сандуқ партоед! Ниҳоят, онҳо писарчаамонро ба ман супурда рафтанд.

Аз гӯшакикунӣ ва қавоқи овезонашон фаҳмидам, ки маблағи додаам кам аст. Яке аз онҳо гуфт:

- Падарбобо, шумо ин қадар  сахт. 10 сомонӣ додеду халос?! Одамон соҳиби писар шудам гуфта, корро аз 100- сомона сар мекунанд. Дар ҷавоби ин суханон чизе гуфта натавониста, худро ба  дидани рӯйи тифл овора кардам. Рӯйпӯши навзодро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Писарча тамоман дигар буд. На оне, ки ба ман аз тирезаи палата нишон дода буданд… Ман ҳадаҳа ба келинҳову ҳамсарам гуфтам, ки писарча бегона аст. Духтуру ҳамшираҳои «шодиёнагирифта» дар ҷояшон шах шуда монданд…

Ин лаҳза овози гиряолуди як ҷавонзани нав ҷавобшуда ба гӯш расид:

- Кӯдакамро  иваз кардаанд, ин тифл азони ман не, бегона аст. Ҳамширае тифлро аз дасти ман гирифта, ба назди ӯ давид. Маълум шуд, ки вақти парпечкунӣ тифлҳо иваз шудаанд.

Бо ҳангомаю ҳаёҳуй ба хона омадем. Бародаронам пурсиданд:

- Шляпаву гули  кисаатон куҷо шуд?

- Ба ҷойи  шодиёна рафт.

- Ё наузанбиллоҳ, — гуфт укои намозхонам риши ғуллиашро қапида. — Расо шуморо боб кардаанд.

– Парво накунед, садқаи сари янгаатон.

Маслиҳат кардем, ки писарчаи навзодро чӣ ном гузорем. Ҷавонзанҳо номҳои замонавӣ пешниҳод карданд. Падару модари пирам гуфтанд, ки номашро Мирзонаҷот монем. Ман, бо дарназардошти он ки тифл аз фарзандони калониам басо «гарон» афтод, гуфтам:

- Ба писарамон Тилло ном мемонем.

- Чӣ хел Тилло?, — ҳайрон шуданд аҳли оила.

- Маблағе, ки барояш сарф кардам, ба хариди як мисқол тилло басанда аст, — гуфтам.

- Ин тавр бошад, номаш аз ҳамин рӯз эътиборан Мирзотилло, — гуфтанд падарам.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»