Кӯшиш ҳаст, аммо…

№129 (3766) 02.11.2017

духтурхо-2Ҳифзи саломатии сокинони кишвар аз масоилест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати ҷиддӣ медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2016)  барои беҳтар шудани кор дар ин самт қайд карданд, ки: «… Зарурати беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавас­мандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд».

Кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт кӯшиш намуда  истодаанд, ки  аз ин дастуру ҳидоят­ҳои Пешвои миллат зимни иҷрои вазифаи касбӣ ҳаматарафа истифода баранд.

Аз ин ҷост, ки дар ноҳия тибқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011 – 2020», ки қисмати муҳими онро чорабиниҳо вобаста ба солимгардонии кӯдакону наврасон ташкил медиҳад, корҳои муайяне иҷро шуданд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Алимаҳмад Солиев вобаста ба татбиқи барномаи мазкур иттилоъ дод, ки дар натиҷаи  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷорӣ намудани назорати қатъии санитарӣ дар байни аҳолӣ беморӣ ва фавти кӯдакон назар ба соли гузашта хеле коҳиш ёфт. Аз ҷумла, фавти кӯдакон дар шаш моҳи соли 2017 – ум даҳ нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар кам мебошад.

- Дар муқоиса ба як соли пеш тобистони имсол гарм омада бошад ҳам, сардии зимистони он боиси нобудшавии бархе аз вирусҳои сироятӣ гардид,  — гуфт А. Солиев ва афзуд, — сироятёбӣ ва паҳншавии бемориҳо, аз қабили зардпарвин ва зуком коҳиш ёфт, вале бемориҳои сироятии мавсимӣ вуҷуд доранд. Яке аз бемориҳои паҳнгардидаи мавсимӣ ин дарунравӣ аст, ки бо зиёд шудани истеъмоли мева рӯ ба афзоиш дорад. Ба паҳншавии бемории мазкур, ҳамчунин, дар растаи бозорҳо зиёд гардидани меваи муҳлати истеъмолаш гузашта сабаб мегардад. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия назоратро аз рӯи фаъолияти фурӯшандагон пурзӯр намуда бошад ҳам, аз ҷониби ашхоси алоҳида меваҳои муҳлаташон гузашта ба фурӯш бароварда мешаванд.

Сабаби дигари паҳншавии бемориҳои сироятӣ беаҳамиятии волидон мебошад. Дар бештар маврид ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот сабаби гирифторӣ ба бемориҳо мегардад.

Дар ноҳияи Рашт аз аввали сол 1746 бемори синнашон то 5- сола ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора бемориҳои шадиди узвҳои роҳи нафас (ОРВИ) 509 ва бемории дарунрав 528 нафарро ташкил медиҳад.

- Ба ин хотир, кормандони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия 21  маротиба суҳбату вохӯрӣ оид ба пешгирии зуком, 3 саҳмия роҷеъ ба бемории дарунравӣ, 10 семинар доир ба бемориҳои сироятие, ки ба воситаи  об мегузаранд, ташкил намуданд. Мақолаҳои зиёди кормандони соҳа доир ба бемориҳои сил, пайванддард, ботулизм ва зуком дар рӯзномаи «Оинаи Рашт» низ ба чоп расиданд, — гуфт Алимаҳмад  Солиев.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»