Ба мо муроҷиат мекунанд

Калонтарин деҳоти ноҳияи Айнӣ варзишгоҳ надорад

№28 (3822) 03.03.2018

Деҳоти «Урметан»-и ноҳияи Айнӣ зиёда аз 19 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, калонтарин ҷамоати ноҳия маҳсуб меёбад. Аммо то ҳол дар он варзишгоҳе мавҷуд нест, ки  ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ҷавонону наврасон дар ҳар ҷое, ки рост ояд, ба варзиш машғул мешаванд.

Корманди хоҷагии ҷангали ноҳия, ҷанговари интернатсионалист Бердӣ Самадов, ки зодаи ин деҳот аст, гуфт:

- Мо, як гурӯҳ сокинони деҳаи Вешканд тасмим гирифтем, барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва пешгирии шомил шудан ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии мавзеи Исрофилободи дашти Вешканд варзишгоҳи замонавӣ бо 600 ҷойи нишаст бунёд намоем.

Соли 2010 Б. Самадов ва чанд тан сокини маҳалла бо ҳамин мақсад ба раиси онвақтаи ноҳия  Рустам Раҳматов муроҷиат карданд. Ӯ пешниҳодро хуш пазируфт. Вале барои бунёди варзишгоҳ маблағ пайдо карда натавонист. Бо вуҷуди ин, дастгирии раиси ноҳия ташаббускоронро рӯҳбаланд намуд. Б. Самадов аз ҳисоби пасандоз 1 га заминро барои сохтмони варзишгоҳ тахту ҳамвор намуд ва ҷиҳати бунёди он се маротиба ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактуб навишт. 23 октябри соли 2014 ба номи ӯ чунин ҷавоб расид: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  муроҷиати шуморо оид ба мусоидат ҷиҳати дастрас намудани кумаки молиявӣ барои сохтмони варзишгоҳ дар деҳаи Вешканд мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд кардан лозим аст, ки бо дарназардошти зарурати майдончаи варзишӣ дар деҳаи Вешканд пешниҳод менамоем, ки сохтмони иншооти мазкур ба дурнамои  идораи сохтмони асосии вилоят барои соли 2015 ворид карда шавад.

Мудири бахши сохтмони МИҲД Н. Тоҳиров».

Соли 2015 аз номи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят С.Шокиров бо мазмуни зер нома расид: «Харҷнома тартиб дода шуда, арзиши он 320 000 сомониро ташкил дод. Шумо омода ҳастед, ки 50 фисади  хароҷотро ба зиммаи худ гиред?».

Ин чӣ ҷавобест? 50 фоиз аз 320 ҳазор  160 ҳазор сомонӣ мешавад. Оё коргари одии хоҷагии ҷангал ин маблағ дошта метавонад?

Ин ҷавоб ҳам Бердӣ Самадов ва ҳамроҳонашро ноумед накард. Онҳо умедворанд, ки роҳбарияти нави вилоят мушкили онҳоро дарк намуда, ҷиҳати бунёди варзишгоҳ кумакро дареғ нахоҳанд дошт.

Мирзо ҚУЛОВ,

рӯзноманигор, ноҳияи Айнӣ