Пурсед, ҷавоб медиҳем

Киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?

№82 (3719) 11.07.2017

985843745ab3c32f3b14d326babbf0d5Ба ин пурсиши сокини шаҳри Душанбе Мирзомурод Ҳомидов, бо хоҳиши идораи рӯзнома Фирӯз Сайнозимзода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, ба тариқи зайл посух гардонд:

- Дар асоси моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун ё аз эътибор соқит донистани он, инчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ва ё аз эътибор соқит донистани он (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад.

Ҳар як субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро дар алоҳидагӣ таҳия менамояд, ба истиснои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо метавонанд дар якҷоягӣ лоиҳаи қонунро таҳия намоянд. Лоиҳаи қонуне, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия менамояд, бояд мутобиқати дохилӣ дошта, аз рӯи мантиқ ҷобаҷогузорӣ шуда, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ бошад.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун, аввал қоидаҳои умумӣ ва сипас қоидаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни он истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд. Мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар ҳамон як қонун набояд ­такроран баён карда шаванд.

Дар лоиҳаи қонун истифода намудани забони гуфтугӯйӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг, мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно, истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул, калима ва истилоҳот, ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ, калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура) ва истилоҳоти ғайримеъёрӣ мумкин нест.

Лоиҳаи қонун аз тарафи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи мактуби ирсолӣ, маълумотномаи асос­ноккунанда, асоснокгардонии молиявию иқтисодӣ, ҳомили коғазӣ ва электронӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонуне, ки бе маълумоти дар боло зикргардида ба мақомоти қонунгузор пешниҳод мегардад, бидуни баррасӣ баргардонида мешавад.

Лоиҳаи қонунеро, ки хароҷоти ҷуброншавандаро аз ҳисоби маблағи Буҷети давлатӣ пешбинӣ менамояд, ба истиснои лоиҳаи қонуне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод мекунанд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон якҷоя бо маълумоте, ки лоиҳаи қонунро аз ҷиҳати молиявию иқтисодӣ асоснок менамоянд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайяннамудаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон хулосаи худро ба лоиҳаи қонун ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, ба кумитаи масъул ва дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса супорида мешавад. Муҳлати ба ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон тайёр кардани пешниҳод оид ба лоиҳаи қонун ва таклифҳои қонунгузорӣ то як моҳ ва барои лоиҳаи қонуне, ки хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, то се моҳ муқаррар карда мешавад. Шӯрои Маҷлиси намояндагон метавонад муҳлати дигареро низ муайян кунад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуда, хулосаҳои худро нисбат ба он ба кумитаи масъул пешниҳод менамоянд. Кумитаи масъул хулосаҳоро ҷамъбаст намуда, бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар шахсони даъватшуда ҷаласаи васеъ мегузаронад. Дар сурати ҷонибдорӣ гардидани лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, он ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаро баррасӣ менамояд ва дар сурати маъқул донистан онро барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул менамояд. Қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва афв, ки онҳо танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Маҷлиси миллӣ низ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ он ба Маҷлиси намояндагон баргардонида мешавад. Маҷлиси намояндагон қонунро такроран баррасӣ менамояд ва он бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.

Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдоригардида дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун ё қисме аз он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ, агар қонун дар матни пештар қабулшуда бо аксарияти овозҳо (аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон) дастгирӣ ёбад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва он интишор мешавад.

Бояд зикр намуд, ки  шарти муҳими эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва ё баимзорасида, аз ҷумла қонун, интишори расмии он мебошад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба нашрияҳои расмӣ ворид шудаанд, бояд дар муҳлати даҳ рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ интишор гарданд. Сарчашмаҳои расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» мебошанд.