Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Клиент» гирифтӣ, 20 сомонӣ деҳ»

№83 (3720) 13.07.2017

Мақолаи «Клиент» гирифтӣ, 20 сомонӣ деҳ» (рӯзномаи «Садои мардум» №78 (3715), 1 июли соли 2017) дар маҷлиси Шӯрои директорони ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба фикру ақида ва хулосаҳои муаллифи мақола Хусрав Шоҳсаидов, ки худро корманди рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» муаррифӣ намуд, аз бисёр ҷиҳат розӣ шуда наметавонем. Чунки ба масъалаи бардоштааш рӯякию яктарафа муносибат карда, дар асоси суханҳои беасоси роҳгузарону шахсони тасодуфӣ хулосабарорӣ намудааст. Агар мо ҳам тарзу услуби хулосабарориҳои ӯро истифода намоем, гуфта метавонем, ки Хусрав Шоҳсаидов тарафдори вайронкунандагони тартибу низоми мусофирбарӣ ва шахсони ғайриқонунӣ дар ин соҳа фаъолияткунанда мебошаду аз онҳо рӯирост пуштибонӣ менамояд. Танҳо шахси аз қонуну қоидаҳои ҷории мусофиркашонӣ бехабар чунин амал менамояд. Соҳаи мусофиркашонӣ талаботи худро дорад. Ба шахсони алоҳида фаъолияти мустақилонаи мусофиркашӣ иҷозат дода намешавад. Онҳо танҳо дар ҳайати шахсони ҳуқуқӣ метавонанд ба мусофирбарӣ машғул гарданд. Аз ташхиси ҳатмии техникӣ ва муоинаи тиббӣ ҳар сол гузаштани нақлиёту ронандагонро маҳз роҳбарияту мутахассисони корхонаю ширкатҳое, ки онҳо шартнома доранд, зери назорат мегиранд. Барои гузаронидани муоинаи ҳаррӯзаи техникии нақлиёт ва саломатии ронандагон пеш аз сафар, шахсони ҳуқуқӣ масъулият доранд. Дар роҳхати ба онҳо додаашон оид ба коршоямии воситаи нақлиёт ва саломатии шахсони идоракунанда қайди махсус мегузоранд. Ин тартиби кор то андозае бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин месозад.

Муаллифи мақола фикру ақидаҳои Файзулло Ашӯров ном шахсро асос карда, хулосабарорӣ менамояд. Ҳол он ки чунин шахсро аз ронандагону кормандони масъули терминали мусофирбарии «Маром» касе намешиносад. Бинобар дар мақола дарҷ нагардидани рақами давлатии нақлиёт ва ҷои истиқомати ӯ, ба хулоса омадем, ки ному насаби Файзулло Ашӯров сохтаю бофтаи Хусрав Шоҳсаидов мебошад.

Боз муаллиф Терминали «Маром»-ро дар мақола ҳамчун «таваққуфгоҳ», «истгоҳ» ва «ҶДММ «Маром» ёдоварӣ менамояд. Ҳол он ки дар пештоқи айвони интизории мусофирон бо ҳарфҳои калон-калони хоно «Терминали Маром» навишта шудааст. Таваққуфгоҳу истгоҳҳо танҳо барои нигаҳдорӣ ва амнияти нақлиёти автомобилӣ ҷавобгаранд. Аммо терминали мусофиркашонӣ ҳаракати нақлиёти мусофирбарро аз хатсайрҳо ба танзим медарорад. Фаъолияти ронандагони бо муассисаҳои нақлиётӣ шартномадоштаро зери назорат гирифта, барояшон шароити хуби меҳнату истироҳат фароҳам месозад. Нақлиёти мусофирбарро аз муоинаи ҳаррӯзаи техникӣ гузаронида, саломатии ронандагонро пеш аз сафараш санҷад. Агар ҳолати техникии нақлиёт ва саломатии ронанда ҷавобгӯ ба талабот бошад, онҳоро бо роҳхат таъмин месозад.

Бо Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда», нақлиёти хатсайрҳои самти вилояти Суғд дар ҳудуди терминали ҶДММ «Маром» ҷойгир карда шудаанду хизматрасониашонро низ ба ҷо меорад. Инчунин, барои иҷрои хизматрасонии нақлиёти мусофирбар иҷозатнома ва сертификати мутобиқат дошта, аз лиҳози фароҳамсозии шароитҳо барои хизматрасониҳои нақлиёт, яке аз терминалҳои намунавӣ мебошад. Терминали «Маром» барои саворшавию фуромадани мусофирон айвони махсус, майдон барои таваққуфи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, толори интизорӣ барои мусофирон, бағоҷхона, нуқтаи танзимгарӣ, ҳуҷраи дамгирию истироҳати ронандагон, гармоба, дафтари маълумотдиҳӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, нуқтаи муоинаи нақлиёт, ҳуҷраи ёрии тиббӣ ва чанд нуқтаи таъмири нақлиётро доро мебошад. Ҳар сол дар вақти муайяншуда бо ронандагон дарсҳои 20-соатаи бехатарии ҳаракат дар роҳро бо ҷалби мутахассисон доир мекунад.

Ҳамчунин, таъкид карданием, ки ба иттифоқи касаба фарқият гузоштан байни аъзои он хос нест. Ба ин ташкилоти ҷамъиятӣ агар ронандагон моҳе ду сомонӣ супоранд, кормандони маъмурии ҶДММ «Маром» вобаста ба 1 фоизи музди меҳнаташон аз 8 то 12 сомонӣ аъзоҳаққӣ пардохт менамоянд. Илова бар ин, аз ҳисоби маблағи 25 — фоизаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ 1,4 фоизашро барои саломатиро барқарор кардан ба ҳисоби иттифоқи касаба мегузаронанд. Бинобар ин, «маблағро ронандагон месупоранду истироҳатро маъмурият мекардааст» — гуфтани рӯзноманигор иғвоангезии маҳз аст.

Рости гап, масъалаи барои хизмати танзимгарии терминал аз ронандагон гирифтани 10-20 сомонӣ чанд маротиба аз тарафи рӯзноманигорону шахсони дигар бардошта шуд. Нархномаи мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ва байнишаҳрии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар», ки аз шаҳри Душанбе оғоз мегарданд, дар асоси Фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 254 аз 28 ноябри соли 2013 Нархномаи №13-02-12-92/31 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, дар самти Душанбе-Суғд чунин аст (ба ҷадвал нигаред):

табВобаста ба Фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 254 аз 28 январи соли 2013 ва шартномаи байни ронандаю корхона бояд ронанда барои хизмати танзимгари терминал аз меъёри ҷои нишасти мусофирон то 10 фоиз ё ки ба тариқи мувофиқа бо роҳбари терминал фоизи камтар барои ҳар гардиш маблағ супорад. Мисол: тарифи автомашинаҳои «ҶИП» (дизел) мувофиқи ғунҷоиш дар хатсайри Душанбе –Хуҷанд ба 644 сомониву 40 дирам баробар аст, ки 100 фоизи он 64 сомониро ташкил медиҳад. Вале дар асл ронанда ба терминали ҶДММ «Маром» барои хатсайри Душанбе-Хуҷанд – 20 сомонӣ месупорад, ки нисбат ба нархи миёнаи мусофирбарӣ дар самти мазкур ба 3,2 фоиз рост меояд, ки нисбат ба нархномаи бо Фармоиши Вазорати нақлиёт тасдиқгардида ночиз мебошад.

Ҳамин тавр, терминалу муассисаҳои нақлиётии дар асоси шартнома бо ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» фаъолияткунанда бо мақсади паст кардани нархи роҳкиро барои мизоҷон ва сабукӣ овардан ба соҳибкорони инфиродӣ – ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ, барои хизмати танзимгарӣ маблағи аз меъёр хеле пастро талаб менамояд.

С. ГУЛОВ,  директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»