Клуби фарҳангӣ ба ҳашаротхона табдил ёфтааст…

№107 (3744) 07.09.2017

20170707_095003То солҳои 90-уми асри гузашта клуби фарҳангии деҳаи Ҳакимободи деҳоти «Зиракӣ» — и шаҳри Кӯлоб фаъол буд. Ҳунарнамоии санъаткорони боистеъдодаш то ба имрӯз дар хотири мардум нақш бастааст. Аммо ҳоло ин клуби овозадор дар чӣ вазъ қарор дорад?

Барои посух ба ин савол роҳ сӯи деҳаи Ҳакимобод пеш гирифтем. Роҳбалад моро назди як бинои бе дару тиреза, вайронаю валангор бурд.

- Ана, ҳамин бинои клуби фарҳангӣ аст, -  гуфт ӯ.

Боварам наомад, наход ҳамин бинои валангор замоне ҷойи фарҳангию фароғатии сокинон буд. Ҳангоми ба дохили иншоот даромадан боэҳтиёт қадам гузоштан лозим меомад, зеро тахтачӯбҳои фарши он аз таъсири борону барф пӯсидаанд. Сақфаш ҳар замон таҳдиди афтидан дорад. Толори намоишиаш бошад, ба «ҳашаротхона» ва кафтархона мубаддал гаштааст.

Дар пушти бино китобхонаи деҳа қарор дорад. Он ҳам ҳоли ногуворе дорад.

20170707_094915

- Муддати 20 сол мешавад, ки китобхона дар ҳамин бино ҷойгир аст. Клуб аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол рӯи таъмирро надидааст. Бомаш пурра хароб шудааст ва айёми боришот мечакад. Ду сол қабл бо маблағ­гузорӣ аз буҷети маҳаллӣ қисмати боми танҳо китобхона пӯшонда шуд. Мутаассифона, шамол онро канда партофт, — мегӯяд китобдор Маърифат Қурбонова.

Бошандагони деҳа мегӯянд, ки қаблан дар ин муассисаи фарҳангӣ даҳҳо нафар кору фаъолият менамуданд ва дар ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ саҳми муассир дош­танд. Феълан на танҳо аз назари масъулон дур мондааст, балки комилан фаромӯш шудааст. Ин дар ҳолест, ки иншооти мазкур то ба ҳол ҳамчун моликияти давлатӣ дар тавозуни шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор дорад.

20170707_095133

Мудири шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Хайрулло Тоҳиров  зимни як нишаст гуфта буд, ки дар минтақа 133 адад чунин муассисаи фарҳангӣ амал мекунанд, ки 33 — тоаш таъмирталаб буда, 13 – тои дигараш дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Нигаронкунанда аст, ки дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб на танҳо клубҳо, балки қасрҳои фарҳангӣ низ рӯ ба харобӣ оварда истодаанд. Қасрҳои фарҳангии деҳоти «Зиракӣ» ва «Даҳана» солҳост, ки рӯи таъмирро надидаанд, аммо нафаре аз ҷумлаи масъулон дар пайи ободсозию фароҳамории шароити онҳо нест.

Қасри фарҳанги деҳоти «Кӯлоб» низ комилан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Сабаби асосии ба чунин ҳол афтидани қасру клубҳои фарҳангӣ маҳз бетаваҷҷуҳию беэътиноии масъулини соҳа мебошад. Шояд баъди нашри ин мақола муассисаҳо фаъолияти хешро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд, зеро бо чунин хунукназарию саҳлангорӣ фарҳанги миллиро  дар деҳот рушд додан имконнопазир аст.

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»