Коллеҷи тиббӣ соҳиби бинои нав шуд

№151 (3452) 09.11.2015

Коллечи тибби таълмиМаҳаллаи Эмом Муҳиддинови шаҳраки Ғарм сол то сол симояшро дигар мекунад. Чанд сол боз дар ин мавзеъ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои таълимӣ ва бинои хобгоҳи Коллеҷи тиббӣ низ дар ин маҳалла    ба итмом расид.

Соли 2013 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ба сохтмони бинои мазкур дастур дода буданд.

Бинои таълимии коллеҷ аз се ошёна иборат буда, дорои 12 синфхона, даҳ дафтари корӣ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи лингафонӣ, лаборатория бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон, китобхонаи замонавии ба интернет пайваст, қироатхона, ошхона ва толори маҷлисгоҳ мебошад. Дар коллеҷ 350 нафар донишҷӯ дар як баст таълим гирифта метавонанд ва барои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои сохтмони бинои таълимии коллеҷ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Бунёди онро ҶДММ «Бедак» ба уҳда дошт, ки онро бо сифати хуб ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонид.

Бинои хобгоҳи Коллеҷи тиббӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 135 нафар сохта шудааст. Баробари ба истифода додани бинои хобгоҳ мушкилоти донишҷӯёне, ки аз деҳоти дурдаст барои таҳсил омадаанд, осон шуд.

Ба истифода додани биноҳои нави Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Рашт нишони ғамхории навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони донишҷӯйи минтақаи Рашт мебошад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум».

Суратгир М. РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт