Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ тасдиқ гардиданд

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Чанде қабл дар шаҳри Хоруғ таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои дахлдор  иштирок доштанд.

Дар иҷлосия ҳашт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадкарим Назиров қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихобот дар вилоят 66 комиссияи ҳавзавӣ ва 279 комиссияи участкавии интихобот таъсис дода шуд, 104862 нафар иштирок карданд, ки ба  97,3 фоизи интихобкунандагон баробар аст. Аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба тариқи худпешбарӣ дар 66 ҳавза 127 нафар (76 нафар аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 11 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 4 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 8 нафар аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва 28 нафар ба тариқи худпешбарӣ) номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ ва номнавис гардиданд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ 64 нафар номзаде, ки аз нисф зиёди овозҳои интихобкунандагонро  ба даст оварданд, ба дарёфти ваколати вакилӣ сазовор гардиданд. Аз ин шумора 22 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ба 34,4 фоизи вакилони тозаинтихоб баробар аст.

Дар ду ҳавзаи интихоботӣ – Шидз, № 14 ва Кӯлев, № 31 бо сабабе, ки ягон нафар аз номзадҳои пешбаригардида аксарияти овозҳоро соҳиб нашуданд, тибқи моддаи 46 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.

Баъди тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо пешниҳоди вакил аз ҳавзаи интихоботии Хичордев, №39 Анвар Акрамов вакил аз ҳавзаи интихоботии Рангкул, №66-и ноҳияи Мурғоб Ёдгор Файзов бо аксарияти овозҳо раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб гардид.

Сипас, бо дастгирии вакилон Дастури Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ гардид.

Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 14-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо дарназардошти тахассус ва фаъолияти корӣ, аз ҳисоби вакилон ҳафт комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода, раис ва аъзои онҳо интихоб шуданд.

Баъд дар иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов «Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти коммуналии ВМКБ дар соли 2019 ва вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои соли 2020, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бармеоянд», ҳисобот дод.

Дар робита ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»