Конибодом. Мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта таъмир мешаванд

№82 (4032) 09.07.2019

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати маорифи шаҳри Конибодом Бурҳониддин Ҷабборӣ, дар шаҳру деҳоти Конибодом 23 муассисаи томактабӣ, 14 кӯдакистони давлатӣ, 6 кӯдакистони хусусӣ ва 3 кӯдакистони тобеи ташкилот фаъолият доранд. Дар кӯдакистонҳои шаҳри Конибодом 3354 кӯдак бо нигоҳубин ва тарбия фаро гирифта, дар назди 37 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ташкил шудаанд. Дар маҷмӯъ, фарогирии умумӣ ҳоло 21,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аз 55 муассисаи таҳсилоти миёна 9 ададаш дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Айни замон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар МТМУ № 7 ва МТМУ № 52 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст. Илова бар ин, МТМУ № 15, воқеъ дар деҳаи Маданияти деҳоти ба номи Эргаш Шарифов, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ таъмир карда шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 45,47, 53 бунёди 22 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар деҳаи Сомониён низ оғоз гардид. Қобили қайд аст, ки дар як қатор муассисаҳо, аз ҷумла, дар МТМУ № 44 МТМУ ва № 51 сохтмони толори варзишӣ оғоз шурӯъ шудааст ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои № 32, 2, 35 дар нақша аст.

- Дар маҷмӯъ, аҳли маорифи шаҳри Конибодом кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки фаъолиятро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат беш аз пеш тавсеа бахшанд, — гуфт дар хотима Бурҳониддин Ҷабборӣ.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»