Конститутсияи мамлакат бо забони олмонӣ тарҷума шуд

№141 (4247) 19.11.2020

КонсБахшида ба Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони олмонӣ тарҷума намуд.

- Мавҷудияти тарҷумаҳои дузабонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии дорои эътибори олӣ ба якдигарфаҳмӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои кишварҳо мусоидат менамояд, — изҳор дошт сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо, ки Конститутсияро аз забони тоҷикӣ ба олмонӣ тарҷума кардааст.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Олмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаро, аз ҷумла, дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими адолати судӣ, такмили қонунгузории суди арбитражӣ, мусоидат дар барномаҳои мубориза бар зидди коррупсия низ ба роҳ монданд. Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии кишвар забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад.

Китоб дар сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон пешкаши ҳаводорон гардонида шудааст.

«Садои мардум»