Кумаки ҳамдиёрони бурунмарзӣ ба соҳаи тандурустӣ

№72 (4178) 18.06.2020

КамазСоҳибкорони бурунмарзии шаҳри Конибодом, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, чанде пеш дар пайравӣ ба сиёсати халқпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустии шаҳр ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ кумак расониданд, ки аз 150 адад либоси ҳимоявӣ, 10 кати функсионалӣ, 9 ҳароратсанҷи нурӣ, 15 халтаи АМБУ, 5 кардиомонитор, 2 кардиомонитор — дефибриллятор, 20 пулсоксиметри ангуштӣ, 100 ниқоби бисёркарата ва 500 ниқоби яккарата иборат аст.

Тавре сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Ҳусейн Самиев изҳор намуд, онҳо ба беморхонаи шаҳрӣ ва беморхонаи бачагона дастрас карда шуданд.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»