Кумаки навбатии Ҳиндустон ба Тоҷикистон

№ 01.12.2021

123Дар доираи механизми COVAX 30- юми ноябри соли равон аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 698500 вояи иловагии ваксинаи COVID-19 «Ковидшилд» (Astrazeneca)-ро, ки аз ҷониби Институти Serum Institute of India (SII) дар шаҳри Пуна истеҳсол шудааст, ба шаҳри Душанбе ворид гардид.

Қаблан моҳи марти соли равон Ҳиндустон интиқоли 192 000 вояи ҳамин ваксина ба Тоҷикистонро тибқи механизми COVAX амалӣ кард.

Аз оғози пандемияи COVID-19 то ҳол Ҳиндустон ба Тоҷикистон 14,5 тонна кумак дар шакли дору ва лавозимот додааст. Тавре аз Сафорати ин кишвар иттилоъ доданд, Ҳиндустон ҳамчун кишвари дӯсту хайрхоҳ ба қадри имкон дар оянда низ кумак хоҳад кард.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»