Кумаки Президент ба зарардидагони Рашт

№107 (3587) 16.08.2016

калажДар натиҷаи заминҷунбие, ки 1 июли соли равон дар ноҳияи Рашт рух дод, сокинони деҳаҳои Қизило, Аскалон, Сари Шӯхон, Шархо, Кӯл аз деҳоти «Аскалон» ва деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхаб, Қалъача, Яхакпаст аз деҳоти «Ҳиҷборак» бештар зарар диданд. Аз заминларзаи қуввааш шашбалла 30 хонаи истиқоматӣ, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як чойхона-фароғатгоҳ корношоям гардид.

Зимни суҳбат бо сардори Ситоди вазъияти фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Рашт, подполковник Шодмон Ғиёсов маълум гардид, ки дар ин муддат намояндагони вазорат ва кумитаҳои ҷумҳурӣ бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи воқеа омада, вазъиятро хуб омӯхта, зарардидагонро бо масолеҳи бинокорӣ таъмин намудаанд. То имрӯз ба зарардидагон 151,6 тонна семент, 173 ҳазор дона хишти пухта, 2025 тонна тунука, 190 метри кубӣ тахта, 960 килограмм мех ва ғайра  расонида шуд.

Номгӯйи дигари масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумла дару тиреза, ранг, оина барои тирезаҳо, тахта барои фарш, фанери ғафс барои сақфи хонаҳо дар анборҳои Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Сарипули шаҳраки Ғарм, ҷамъ оварда шудааст. Баъди бардоштани деворҳо ин масолеҳ ба соҳибонашон расонда мешавад.

- Айни ҳол сохтмони хонаҳои нав босуръат идома дорад. Итминони комил дорем, ки то даҳаи дуюми моҳи сентябр сохтмон пурра ба итмом мерасад ва зарардидагон дар хонаҳои нав бӯрёкӯбон мекунанд, — гуфт Шодмон Ғиёсов.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»