Иқдоми нек

Кумаки «Русмостранс» ба донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик дар Москва

№53 (4159) 30.04.2020

изображение_viber_2020-04-29_13-14-52Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои ­миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият, иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст. Махсусан, дасти кумак дароз намудан ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон савоби зиёд дорад.

Алҳол бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID — 19) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия карантин эълон шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, донишҷӯён, ятимон ва муҳоҷирони меҳнатӣ хеле душвор гардидааст. Зеро захираҳои мавҷуда ба поён расида, бисёриҳо аз сабаби надоштани ҷойи кор ва нагирифтани маош ба ёрии моддӣ эҳтиёҷ доранд.

Вобаста ба ин, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Русмостранс»-и шаҳри ­Москва (сарвараш соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов) 26 апрели соли равон ба иқдоми башардӯстона даст зад. Бо ташаббуси роҳбарияти ҷамъият ба кӯдакони ятими шаҳри Люберт­сии вилояти Москва 300 қуттӣ, маъюбон, ятимон ва нафақахӯрони хиёбони Рязанскийи шаҳри Москва 200 қуттӣ маҳсулоти озуқа тақдим карда шуд.

изображение_viber_2020-04-29_13-15-09Ҳамчунин, ризокорони «Русмостранс» ба 1200 оилаи донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими шаҳру вилояти Москва қуттиҳои пур аз озуқавории ҳар кадом 50 килоӣ тақдим карданд.

Кумаки хайриявӣ тавассути 100 мошини сабукрав ва 14 мошини боркаш ба эҳтиёҷмандон расонида шуд. Ба ин кори хайр соҳибкори дигари тоҷик Зафархон Ҳасанов низ ҳамроҳ шуда, ба маблағи 750 000 рубли русӣ маҳсулоти озуқа харид. Ҳаҷми умумии кумаки хайриявӣ 2 миллиону 510 ҳазор рублро ташкил дод.

Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ибодзода Анвар Ҳабибулло, корманди масъул оид ба кор бо муҳоҷирон Шодӣ Тӯраев дар маросими эҳдои хайрияҳо ширкат варзида, ба ташаббускорон изҳори сипос намуданд.

- Дар дини мубини ислом дастгирии фақирону дармондагон зиёд таъкид шудааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар ин моҳи иҷобати дуоҳо вобаста ба имконият иқдоми эҳсонкориро роҳандозӣ намоем. Дар ин маърака моро сардори Истгоҳи роҳи оҳани «Любертси – 1» Игор Анатолевич, сардори минтақавии идораи пулис Игор Вячеславович, сардори Дастгоҳи маъмурияти шаҳри Любертси Михаил Владимирович, блогери тоҷик Ҳабибулло Қурбонов ва дигарон баҳри интиқоли маҳсулоти озуқаворӣ кумак расониданд. Тавассути нақлиёти пешниҳодкардаи сарвари Ширкати «UMMA Auto» Фатҳиддин Васлиддинович бошад, ба 300 оила маҳсулоти озуқа дастрас гардид, — гуфт Фирдавс Наимов.

refined-sunflower-oil-rapseed-oil-soya-bean-oil-cooking-oil-edible-oil-plant-oil-seed-oil-pure-cooking-oil-nut-oil-crude-degummed-rapseed-oilДар доираи иқдоми дигари башардӯстона аз ҷониби ҶДММ «Русмостранс» ба клиникаи «Шифо»-и шаҳри Москва, ки сардухтури он табиби тоҷик Тоҳир Бобоев мебошад, 10 кат, 10 бистару кампал ва ба маблағи 50 ҳазор рубл доруворӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ширкати мазкур маблағи будубоши якмоҳаи 10 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро, ки ҷои зист надоштанд, дар яке аз ҳостелҳои шаҳри Москва пардохт намуда, онҳоро бо хӯрокворӣ таъмин намуд.

Дар яке аз ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст: «Касе ки мушкили бандаи муҳтоҷро осон намояд, Худованд мушкилоти дунё ва охирати ӯро осон хоҳад намуд».

Шайх Аттори Нишопурӣ дар ин хусус фармудааст:

Гар барорӣ ҳоҷати муҳтоҷро,

Бар сар аз иқбол ёбӣ тоҷро.

Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад,

Бегумон умраш зиёдат мешавад.

Дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон дар лаҳзаҳои душвор беҳтарин нишонаи ҷавонмардӣ буда, аломати меҳрубонию самимият аст. Умед мекунем, ки сафи хайрхоҳон зиёд мегардаду ҳамватанонамон дар ғурбат эҳсоси муҳтоҷӣ намекунанд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»