«Кунун ман зиндаам, ёрон»

№52 (4002) 09.05.2019

Таҳти ҳамин унвон дар арафаи таҷлили ҷашни 74 — солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар матбааи ҶДММ «Ношир» (шаҳри Бохтар), китоби рӯзноманигор, собиқ корманди рӯзномаи «Садои мардум», Корманди шоистаи Тоҷикистон Аъзамҷон Мӯсоев ба табъ расид.

Он аз рӯзгори ибратомӯзу корнамоии бемислу монанди ду тан аз фарзандони некному шарафманди миллат, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов ҳикоят мекунад. Тавре муаллиф ишора кардааст, он ду нафар солҳои душвори азхудкунии заминҳои синабирёни водии Вахш ба ин сарзамин ҳамроҳи пайвандону наздикони худ ихтиёран кӯчида омада, то ба майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтан дар ободонӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Баробари оғози ҷанги хонумонсӯз ихтиёрӣ ариза навишта, аз Комиссариати ҳарбии шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба ҷабҳаи мубориза рафтаанд.

Шуҷоату қаҳрамонии онҳоро ба назар гирифта, роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар дуро дар як рӯз — 16 — уми октябри соли 1943 бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз мегардонад. Мутаассифона, Қуд­рат Қаюмов дар яке аз набардҳои хунин дар вилояти Чернигои Украина ҳалок мегардад ва дар қатори дигар ҷанговарон ҳамон ҷо ба хок супурда мешавад.

Ҳайдар Қосимов бошад,  аз майдони набард сиҳату саломат ба Ватан баргашта, ҳамчун роҳбару шахси масъул дар ободонии сарзамин солҳои зиёд хизмат менамояд. Ин фарзанди далеру шуҷои миллат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби наҳзатиёни нохалаф ба ҳалокат расонида мешавад.

«Кунун ман зиндаам, ёрон» китоби сеюми Аъзамҷон Мӯсоев аст.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»