Лахш ба қабули сайёҳон омода аст

№42 (3992) 16.04.2019

Дар ноҳияи Лахш ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ бунёдкории зиёд ҷараён дорад. Агар имрӯзҳо меҳмони шаҳраки Ваҳдат — маркази ноҳияи Лахш гардед, пай мебаред, ки дар он дигаргуниҳои чашмрас ба назар мерасад.

Раиси ноҳия Файзулло Баротзода зимни суҳбат гуфт, ки Лахш дорои имкониятҳои зиёди сайёҳист. Ба хотири шароити мусоид фароҳам овардан барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар доираи нақшаи тадбирҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 — 2021 аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.

Соли сипаришуда 40 қарори раиси ноҳия дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин қабул гардид, ки ҳоло дар онҳо сохтмон ва таъмиру барқарорсозии 26 иншооти таъиноти гуногун идома дорад. Чанде пеш бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди шабакаи равшаннамоии маркази ноҳия ба маблағи 941,9 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.

Ҳамчунин, дар 32 иншоот корҳои сохтмонӣ ба маблағи 6 миллиону 144,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Инчунин, аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия барои оғоз кардани корҳои сохтмонӣ 141 иҷозатнома дода шуд.

Роҳбарият барои дар сатҳи баланд доир намудани экспедитсияҳои кӯҳнавардӣ, аз ҷумла бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо кӯшиш дорад. Бо ин мақсад соҳибкорон дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ва 5 ошхонаи миллиро бо тарҳи муосир бунёд карданд. Фароҳам намудани шароити мусоид боис гардид, ки тайи як соли охир беш аз 1500 сайёҳ, аз ҷумла, 159 хориҷӣ ташриф орад.

- Итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик Лахш шумораи зиёдтари сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Барои амалӣ гардидани ин нияти нек аз тамоми имконият ба таври самаранок истифода хоҳем кард, — гуфт Файзулло Баротзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»