Лахш. Боғпарварони тоҷику ӯзбек табодули таҷриба карданд

№55 (4005) 16.05.2019

КОРДар ноҳияи Лахш ҷиҳати иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Ноҳия аграрӣ буда, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, картошкакорӣ ва боғдорӣ ба пешравиҳо ноил гардид. Барои мисол, соли 2018 дар Лахш 5038,7 тонна мева истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2017-ум 252,3 тонна зиёд мебошад.

- Соли равон бунёди 60 гектар боғи нав ва барқарорсозии 15 гектар боғи куҳна ба нақша гирифта шудааст, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Файзулло Баротзода.

Дар доираи ин иқдом бо ҷалби соҳибкорон дар заминҳои бекорхобидаи деҳоти «Сартало», ки аз сабаби санглохӣ ва беобӣ умуман кишт намешуданд, 54 гектар боғ бунёд гардид. Аз тарафи соҳибкор Алишер Азимов 28 ҳазор дона ниҳоли гуногуни мевадиҳанда аз вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дастрас гардонда шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ мутахассисон аз Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Абдуғафорбек Маҳмадалиев (аз вилояти Андиҷон) ва Санҷар Хоҷаев (аз шаҳри Тошканд) ширкат варзиданд.

Қабл аз маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки мутахассисони зикргардида семинар гузаронида шуд, ки дар он боғдорони ҳар ду ҷумҳурӣ аз таҷрибаи хеш табодули назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар ҳам дар ноҳия як семинар дар мавзӯи «Истифодаи дурус­ти заҳрхимикатҳо, пешгирӣ ва чораҳо бобати бартараф намудани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон дар боғҳои мевадиҳандаи ҳудуди ноҳия» гузаронида шуда буд. Дар он масъалаи мушкилиҳои соҳа, аз қабили зиёд гардидани намудҳои ҳашароти зараррасон, ба касалиҳои гуногун гирифтор шудани дарахтон ва сифати пасти заҳрхимикатҳо баррасӣ гардид.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»