Лахш. Норасоии мутахассисон мушкили асосии соҳаи тандурустӣ арзёбӣ мегардад

№49 (3999) 02.05.2019

Муассисаҳои тиббии Лахш дар беҳдошти тандурустии аҳолии ин ноҳияи дурдас­ти баландкӯҳ саҳми назаррас доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҷуз аз беморхонаи марказӣ, шаш беморхонаи минтақавӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ, нуҳ маркази саломатии деҳотӣ, 38 бунгоҳи саломатӣ, маркази давлатию санитарию эпидемиология ва шаш маркази махсуси соҳа фаъолият менамоянд. Ба аҳолӣ 37 мутахассиси дорои маълумоти олӣ ва 99 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.

Ба андешаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Исматулло Ғафуров, солҳои охир сатҳи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҶДММ «Беҳдоштӣ» чор хуҷраи кории озмоишгоҳи беморхона бо таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд.

Тибқи маълумоти бадастомада, соли сипаришуда бештар бемориҳои фишорбаландӣ, ангина ва гастроэнтероколити шадид ба қайд гирифта шуд. Шумораи бистариёни мубталои бемории фишорбаландӣ 150 нафарро ташкил дод.

Дар байни занон бемории аз ҳама бештар бақайдгирифташуда камхунӣ (117 нафар) мебошад.

Дар муқоиса бо соли 2017, ки шумораи беморони мубталои сил 31 нафарро ташкил медод, соли 2018 шумораи онҳо ба 46 нафар расид. Мутаассифона, соли гузашта ду нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Сабаби зиёд гардидани бемории сил нарасидани мутахассисони соҳа, дастгоҳҳои махсус барои муайян намудани беморӣ, сари вақт муроҷиат накардани беморон, ва сироят ёфтан аз  шахсони мубталои ин беморист.

Муассисаҳои тандурустии ноҳия ба табибони кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, асабшинос, сироятшинос, рентгенолог, духтури чашм, ғадудшинос, силшинос, озмоишгар бештар ниёз доранд.  Тавре менеҷери КАТС-и ноҳия Наврӯз Раҳматуллоев иброз намуд, соли гузашта бо талоши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ автомашинаи ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуд. Ҳоло аз 7 мошини ёрии таъҷилӣ 5 — тояш  дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ биноҳои асосии беморхонаҳои Сартало, Лахш, Қарамиқ ва Қашот бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони саховатманд аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар назар аст, ки дар баъзе деҳаҳо бунгоҳҳои тиббии нав сохта шаванд. Норасоии мутахассисон, таҷҳизоти замонавӣ аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор мераванд, ки ба андешаи масъулин ботадриҷ роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»