М. Давлатов: «Ҷавонон бояд аз равияҳои ифротгаро дур бошанд»

№131 (3768) 09.11.2017

DSC_79852 ноябри соли 2017 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои озодии виҷдон ва дин» семинар баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон Муродулло Давлатов иброз намуд, ки дар давоми 25 соли соҳибистиқ­лолӣ муносибати давлат ба дин якранг набуд. Шоҳиди ҳол будем, ки паҳн гардидани ифротгаройии динӣ дар ҷомеа таъсири манфии худро на танҳо ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ, ҳамчунин бо равобити байни давлат ва дин низ расонид. Маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим буда, баланд бардоштани дониши динии ҷавонон омили паст гардидани ифротгаройӣ дар ҷомеа аст.

- Бо ҳидояту роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем. Мутаассифона, афроде ҳастанд, ки ба сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касиф ҷомеаро ба гирдоби нооромӣ кашанд.

Ҷавонон бояд донанд, ки ворид шудан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хидмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусулмонон ва дини ислом аст. Биноан, бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободонии Ватани азизамон собитқадам бошанд, — афзуд номбурда.

Дар охир Муродулло Давлатов ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш дод.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»