МҲТБО дар шаҳри Душанбе

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

48055704936_a96e830f85_oИмрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор мегардад.

Дар доираи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои иштирокчӣ оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мулоқот хоҳанд кард.

Ҳамчунин, ҳамоиш имкони мусоидро барои баргузории вохӯрии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои хастагинопазир ва дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид.

48055709921_c84116a68b_oБо мақсади дар сатҳи баланд доир кардани ҳамоиши навбатӣ пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни барои истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир пешбинишуда, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб гардидааст.

Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар кардааст. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тоза зам кардаанд.

Қобили зикр аст, ки зимни Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, сарони давлат ва ҳукуматҳои аъзо, аз ҷумла, Тоҷикис­тон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Хитой, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, кишварҳои нозир (Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония), роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир (Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

«Садои мардум»