МҲТБО равобити Тоҷикистону Ҳиндустонро тавсеа бахшид

№83 (4033) 11.07.2019

48055775438_85603761d8_oАксар кишварҳои Осиё дорои манбаъҳои муфиди захираҳои табиӣ ва имкониятҳои бузург мебошанд, ки ҳанӯз ба таври бояду шояд кашф нашудаанд. Қобили қайд аст, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо доштани захираҳои энергетикӣ ва манбаъҳои табиӣ бо кишвари Ҳинд наздикии ҷуғрофӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании энергетикӣ ва ашёи хом барои тараққӣ додани саноат мебошад ва барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноату энергетика заминаҳои мусоид фаровонанд.

Ҷумҳурии Ҳиндустон баъд аз дарёфти истиқлолият соли 1947, тавонист дар бештар соҳа, аз ҷумла, саноат, энергетика, технологияи нав, кишоварзӣ, адабиёту фарҳанг ва дипломатия рушд кунад. Он дорои низоми давлатдориест, ки имкон фароҳам овардааст, равобитро бо аксари кишварҳои манотиқи гуногуни олам рӯз то рӯз таҳкиму тақвият бахшад.

Дар тӯли таърих Ҳиндустон дар байни мардуми Осиёи Миёна, хусусан, Тоҷикистон, бештар ҳамчун як кишвари афсонавӣ, саёҳатӣ ва фарҳангӣ шинохта шудааст. Дар шинохти ин кишвари азиму афсонавӣ метавон ба ашъори устод Мирзо Турсунзода рӯ овард. Аслан, М. Турсунзодаро чун мубаллиғи роҳи озодии мардуми Осиё ва Африқо, хусусан, Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш, эътироф кардаанд.

Равобити аҳли адаб, иштироки фаъоли муҳассилин ва мутахассисони Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва омӯзишии ин кишвар тавассути лоиҳаҳои байналмилалии он, ба мисли «APTECH», ITEC ва ғайра, таҳрикбахши шинохт ва дӯстии ҳар ду кишвар дониста мешавад. Ҳоло ҳамкории байни Ҳиндустону Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст ва тарафҳо талош мекунанд, ки онро дар соҳаҳои гуногун алалхусус саноат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, фарҳанг, сайёҳӣ, зарфиятсозии кадрҳо ва амнияти минтақа тақвият бахшанд.

Шомил шудани Ҳиндустон ба созмони минтақавии Шанхай аз воситаҳои дигаре мебошад, ки кишварҳои моро боз ҳам наздиктар месозад.

Тавре иттилоъ дорем, 14-15-уми моҳи июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид, ки имконияти хубе барои мулоқоти сарони кишварҳои аъзо ва дигар намояндаҳои иштирокдошта буд. Дар он роҳбарии ҳайати Ҳиндустонро вазири корҳои хориҷиаш бар дӯш дошт, ки оид ба густариши равобит, таҳкими дӯстӣ ва ҷилавгирӣ аз зуҳурот ва амалҳои номатлуби ҷаҳони муосир суханронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон дар минтақа аҳамияти стратегӣ дорад ва бар он вогузор шудани раёсати МҲТБО дар оянда натиҷаҳои хуберо ба бор хоҳад овард.

Барои таҳким ва амнияти минтақа роҳбарияти Ҳиндус­тон моҳи июни соли 2018 дар як ҳамоиш, ки дар Сингапур баргузор шуд, формулаеро таҳти унвони «Амният ва рушд барои минтақаи Осиё» пешниҳод кард, ки ба рушди кишварҳо ва ҷилавгирӣ аз пайомадҳои номатлуб равона шудааст. Барои тақвияти рушд ва ҳамгироии минтақаи Осиё вазири корҳои хориҷии Ҳинд ба кишварҳои аъзои МҲТБО пешниҳод намуд, ки зери шиори «Дидгоҳи муштарак барои амният ва шукуфоии Осиё» фаъолият намоянд.

Хулоса, ҳамоиши панҷумини МҲТБО бо мизбонии ҷониби Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи ҳайати баландпояи Ҳиндустон саҳифаи наверо дар густариши муносибатҳои ҳамкории миёни ду кишвар боз кард. Мутмаинем, ки минбаъд ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои гуногун ба нафъи мардуми ҳар ду давлати ба ҳам дӯст беш аз пеш инкишоф хоҳанд ёфт.

Мирсаид РАҲМОНОВ, муҳаққиқ