Маҳмадалӣ Ватанзода: «Таъмини қонунияту адолат аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура низ вобаста аст»

№51 (3845) 26.04.2018

Чанде пеш ҷиҳати фаҳмондадиҳии муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо кормандони мақомоти прокуратура, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва мушаххас намудани роҳҳои мубориза ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб гурӯҳи корӣ дар ҳайати Маҳмадалӣ Ватанзода- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод — прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Идизода Файзалӣ ­Фузайлшо — директори Маркази миллии қонунгузории ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт сафар карданд.

Зимни мулоқоте, ки дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баргузор гардид, раисони ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони кумитаҳои заминсозӣ ва дигар масъулони навоҳии водии Рашт ва Сангвор ширкат варзиданд.

Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо ­Холиқ ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода оид ба вазифаи кормандони мақомоти прокуратура ибрози назар намуд. ӯ ёдовар шуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ ҳамчун салоҳияти истисноии прокуратура муқаррар кардааст. Ягон мақом ё шахси мансабдори дигар чунин салоҳияти васеъ надорад. Аз ин рӯ, таъмини қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоят дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура низ вобаста мебошад».

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба масъалаҳои муҳими дар суханронии Пешвои миллат баёнгардида андешаронӣ карда, гуфт, ки Пешвои миллат фаъолияти мақомоти прокуратураро мусбат арзёбӣ намуда бошанд ҳам, ҳанӯз дар кори кормандони мақомоти мазкур норасоиҳо вуҷуд доранд. Камбудиҳо дар коргузории вазорату кумитаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо низ ба назар мерасанд, ки танҳо дар ҳамкорӣ метавон онҳоро бартараф намуд. Дар минтақаи Рашт соли равон беш аз 200 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 адад зиёд аст.

Дар даҳ соли охир дар кишвар ба 6000 қарори раисони ноҳияҳо эътироз баён гардидааст, ки 4600 — тои он оид ба замин мебошад. Кормандони прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ бояд дар ин самт корро хуб ба роҳ монда, барои пешгирӣ кардани ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, ҳифзи заминҳои корам, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ, чораҳои мушаххас андешанд.

Идизода Файзалӣ Фузайлшо диққати иштирокчиёнро ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб намуда, ҳамчунин оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии худсарона истифода бурдани замин, истифодаи мақсадноки он, манфиати барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои боғпарваронии минтақаи Рашт ва ғайра андешаронӣ намуд.

Мулоқот, ки хеле шавқовару муфид ҷараён гирифт, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи коргузорӣ дар минтақа ва пешгирии ҷинояткорӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»