Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, 29 марти соли 2017 як зумра қарор «Дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ» ба имзо расонид

№59 (3696) 27.05.2017

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи генералии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №508, 26 ноябри соли 2016 тасдиқ гардидааст, бинобар ба миён омадани зарурияти гирифтани қитъаи замин барои пайваст намудани роҳҳои мошингарди кӯчаҳои Н. Каримов ва А. Рӯдакии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи талаботи моддаҳои 37 банди «ж» 38-1, 39 ва 40-уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 17 марти соли 2017 №1/3-02-119 қарорҳои зерини раиси ноҳия қабул гардиданд:

1. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №194 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи гӯшти ҶДММ «Тоҷикматлубот»-и аз ҷониби шаҳрванд Мавлянбердиев Джавлонбек хусусигардонидашуда ба масоҳати 14,10 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

2.      Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №195 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи тиҷоратии шаҳрванд Шодиев Анорбек ба масоҳати 42,0 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

3. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №196 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини бинои павилиони калон ва майдаи бозори кабудии шаҳрванд Ҷӯрабоев Беҳзод ба масоҳати 407,75 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

4. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №197 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Ваҳобов Холмамат ба масоҳати 17,64 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

5. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №198 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Назаров Акрам ба масоҳати 71,50 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

6. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №199 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Ҳакимов Азим ба масоҳати 62,86 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

7. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, таҳти №200 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи ҶДММ «Тоҷикматлубот»-и аз ҷониби шаҳрванд Назаров Икром хусусигардонидашуда ба масоҳати -54,60 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

8. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №201 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Ҷӯраев Ҳайдар ба масоҳати 24,36 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

9. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №202 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Ӯринбек Ҳамдамов ба масоҳати 275 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

10. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №203 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини бинои мағозаи шаҳрванд Ҳалимов Насим ба масоҳати 44,0 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

11. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №204 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини бинои павилиони ҶДММ «Тоҷикматлубот»-и аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷиматов Ашурмат хусусигардонидашуда ба масоҳати 102 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

12. Қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2017, №205 «Дар бораи қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи як қисми қитъаи замини бинои чойхонаи шаҳрванд Ҷӯраев Абдумавлон ба масоҳати 168 м2, бинобар гирифтани он ба эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ.