Маъруф МУҲАММАДЗОДА: «Ҳар як сафари Пешвои миллат ба мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшад»

№116 (4066) 28.09.2019

хучандМаркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ба шарофати соҳиб­истиқлолии кишвар ва татбиқи сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ободу зебо мегардад. Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз рӯзгори сокинону хоҷагии халқи шаҳр бо раиси он Маъруф Муҳаммадзода суҳбат оростем.

 - Тайи ҳашт моҳи соли равон мардуми сарбаланди Хуҷанд ба кадом дастовардҳо ноил гашт?

- Бошандагони шаҳрро ҳанӯз ҳам хотироти нек аз мулоқотҳои судманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳояшон чанде пеш ба вилояти Суғд доштанд, тарк накардааст. Ҳар як сафари Сардори давлат ба Хуҷанди бостон барои мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ба шарофати дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ҳама самти хоҷагии халқ корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рушду такомул ёфта истодааст.

- Ташаббуси Пешвои миллат — саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, чӣ тавр татбиқ мешавад?

- Ҳадафи нави стратегии саноатикунонии кишварро саноатчиёни шаҳр якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Ин буд, ки аз тарафи 162 корхонаи истеҳсолӣ 93 номгӯйи маҳсулот ба маблағи 833,3 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳаштмоҳаи соли сипаригашта 15,3 дарсад ё 110,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маҳсулоти истеҳсолшуда 58 номгӯйи он ба маблағи 220,2 млн. сомонӣ воридотивазкунанда ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, аз тарафи корхонаҳои дӯзандагии шаҳр ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ, ба миқдори 121,1 ҳазор воҳиди шартӣ либоси мактабӣ истеҳсол карда шуд, ки на танҳо талаботи хонандагони шаҳри Хуҷандро 100,0 фоиз (40273 адад) қонеъ мегардонад, балки хонандагони дигар шаҳру ноҳияҳоро низ.

Шумораи умумии корхонаю муассисаҳо нисбат ба соли гузашта, 111 адад зиёд гардид. Танҳо дар соҳаи саноат 8 корхонаи истеҳсолии хурду миёнаи нав (ҶДММ «Ориён Суғд», «Зиёрати Хуҷанд», «Разоқов Рустам», «Белтатекс», «Хуршед 777», «Обод 95», «Маҳкамов» ва СИ «Хоҷаев Б») таъсис ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар ба кор таъмин шуданд.

Дар маҷмӯъ, 1675 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ҳаҷми музди миёнаи маоши кормандони хоҷагии халқ ба 1430,3 сомонӣ расиду пурра пардохт гардид ва дар соҳаҳои буҷетӣ қарз аз ин ҳисоб ҷой надорад.

мактаб- Оё болоравии истеҳсолот ба иҷрои саривақтии нақшаи ҷамъоварии андоз мусоидат кард?

- Албатта, натиҷаи кӯшишу ғайрат ва андешидани чораҳо нисбат ба татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат буд, ки иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 102,1 фоиз таъмин ва ба соҳаҳои иҷтимоӣ 72,2 фоизи қисми хароҷоти буҷет масраф шуд.

- Дар шароити муосир ҷалби сармоя­гузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар ин ­масъала чӣ гуфта метавонед?

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин хотир, дар МИМҲД шаҳр ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 9,8 миллион доллар сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб карда шуд.

- Маблағгузориҳо бештар ба кадом самт равона гардиданд?

- Маблағгузории асосӣ бештар ба соҳаи сохтмон — 175,2 млн. сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,4 дарсад зиёд мебошад. Илова бар ин, ба маблағи 60,2 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода, аз тарафи корхонаҳои пудратӣ ба маблағи 132,5 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.

Инчунин, бо сарфи 2,4 млн. сомонӣ дар 91 муассисаи таълимӣ, ба маблағи 6 млн. сомонӣ дар 2 иншооти соҳаи тандурустӣ ва бо сарфи 7,2 млн. сомонӣ дар 3 иншооти соҳаи фарҳанг корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ ба иҷро расид, ки барои болоравии сатҳи донишомӯзӣ, хизматрасонии тиббӣ ва маърифат­нокии сокинон, аз ҷумла ҷавонон мусоидат менамоянд.

- Дастгирии мардуми ниёзманд дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Дар давоми сол 7,2 ҳазор оилаи камбизоат, ниёзманд, маъюб ва ятим кумаки якдафъаина гирифта, ба 19 нафар аробачаҳои маъюбӣ тақдим шуд. Илова бар ин, барои сохтмони манзил ба 19 оила ба маблағи 30,8 ҳазор сомонӣ ва таъмири хона ба 14 оила ба маблағи 31,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Эҳтиёҷмандони дигар низ бо навбат дастгирӣ ёфта истодаанд.

 - Дар самти ободониву сабзазоркунӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Хуҷанд аз қадимулайём на танҳо бо мардуми хирадманд ва ҳунарманду саноати тараққикарда, ҳамчунин, бо зебоиву таровати хос дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он маълуму машҳур аст. Идораи ободонии шаҳр, ки масъули сабзгардонӣ аст, рисолатро сарбаландона адо намуда истодааст. Дар раванди ободонӣ ва гулзору сабзгардонии майдону гулгаштҳо 983,2 ҳазор дона гули ҳархелаи ороишию маҳаллӣ, буттагули садбарг ва зиёда аз 5490 дарахти сояафкан шинонида шуд. Илова бар ин, 24,9 километр роҳҳо асфалтпӯш ва 20 бинои баландошёна таъмир гардид.

- Ташрифи сайёҳон чӣ гуна аст?

- Бояд гуфт, ки Хуҷанд ҳамчун яке аз куҳантарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар «Шоҳроҳи абрешим» доимо таҳти таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор дорад. Дар ин радиф, иқдоми дурбинонаву саривақтии Пешвои миллат — эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боиси эҳёи ин самти афзалиятноки иқтисодиёт шуд. Тӯли 8 моҳ 5,4 ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла, 1,9 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, бо 62 ёдгории таърихию археологӣ ва шаҳрсозиву меъморӣ шинос гардида, бо таассуроти нек баргаштанд.

мактав- Рӯзҳои қабули шумо аҳолӣ бештар ба кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

- Дар ҳашт моҳи соли равон 3209 нафар ба МИМҲД-и шаҳр муроҷиат намуданд, ки 793 нафарашонро бевосита роҳбарият қабул карданд. Мавзӯи муроҷиати онҳо, асосан, масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва расондани кумакҳои иҷтимоӣ мебошад. Аксар талабу дархости муроҷиаткунандагон сари вақт баррасӣ ва қонеъ гардонида шудаанд.

- Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 таҳти №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 137 иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 118,8 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин нишондиҳанда аз оғози татбиқи чорабинӣ ба 206 адад расидааст, ки маблағи умумии он 442,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша боз 304 иншоот сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. 

Мусоҳиб Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»