Махсусиятҳои Наврӯзи Конибодом

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

Наврӯз иди қадима ва ганҷинае аз суннатҳои ниёгон ба шумор меравад.

Ин иди фархунда ҷашни умумихалқист ва аз қаъри асрҳо то замони мо расида, бо мурури замон такмил ёфтааст.

Наврӯзро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамвора таҷлил мекардаанд ва он барои мардуми ин мавзеъ умумият доштаву вобаста ба урфу одат ва анъанаҳояшон баъзе тафовутҳоро низ доро аст.

Конибодом яке аз минтақаҳои бостониву мутамаддини вилояти Суғд буда, мардуми он Наврӯзро бо анъанаҳои хосааш таҷлил менамоянд. Фарорасии ин ид дар Конибодом бо гулгардонии наврӯзӣ — бойчечакхонӣ аз ҷониби писарбачаҳо оғоз мешавад. Писаракон шомгоҳон ба ҳар хонадон муждаи баҳорӣ мебаранд ва аз куҳансолону занон ҳадяҳои наврӯзӣ мегиранд.

Оини дигари наврӯзии мардуми шаҳр хонатаконӣ ё хонабаророн аст. Баробари фарорасии фасли баҳор ва нарм шудани ҳаво бонувон кӯрпаву болишт, кӯрпачаю қолинҳои хонаро ба офтоб мебароранд.

Бино ба гуфти сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Конибодом Бурҳониддин Ҷабборӣ, анъанаи суманакпазӣ дар шаҳри Конибодом аз охирҳои моҳи феврал шурӯъ шуда, тамоми баҳор идома меёбад. Мардум дар деҳаву маҳаллаҳо ё дар хонаҳои ҳамдигар ҷамъ шуда, бо нияти фаровонии неъматҳо деги суманак мегузоранд. Суманак дар ин асно ба як таоми баҳорӣ ва хӯроки хуштаъми субҳгоҳии мардуми ин шаҳр бадал меёфтааст.

Дар ин айём бозиҳои миллии хурӯсҷанг, тухмбозӣ, гӯштин, сангпартоӣ ё бозии ҳаппак дар байни духтарон, намоиши гулҳои рангоранг ва парандаҳои хушхон, сабқати пазандагиву дӯзандагӣ, ободониву ниҳолшинонӣ падидаи маъмул аст.

Аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ гирифта, Наврӯзи имсола дар Варзишгоҳи марказии шаҳр таҷлил хоҳад гашт.

Дар кишвари азизамон-Тоҷикистони ҳамешабаҳору офтобӣ аз Наврӯз то Наврӯз дигаргуниҳо ба амал меоянд.

Мо аз ҷаҳонишавии ҷашни бостонии ниёгонамон — Наврӯз ифтихор намуда, тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод то ҷойгоҳи ин ҷашни бузург боз ҳам баландтар гашта, баҳри тақвияти арзишҳои миллӣ, такони ҷиддӣ гардад, — гуфт дар фарҷом Б. Ҷабборӣ.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»