Ман ба тантанаи адолат боварӣ дорам

№110 (3590) 23.08.2016

Соли даҳум аст, ки барои бозпас гирифтани манзили истиқоматиам дар кўчаи Афзалии шаҳри Душанбе бо даъвоҳои беасоси Расулова Навотой, муаммоҳои сохтаи бархе аз кормандони соҳаи ҳуқуқ ва қонуният бо монеаҳои нав ба нав рў ба рў мегардам.

Эътироф мекунам, ки аксари кормандони ҳифзи ҳуқуқу қонуният вазифаҳои хешро аз рўи виҷдон иҷро менамоянд. Маҳз ҳамин гуна муносибати эшон буд, ки айни ҳол ман 11 ҳалномаи судҳои гуногун, натиҷаи тадқиқоти 2 экспертизаро дар даст дорам, ки ҳақ будани маро собит менамоянд. Тибқи ин аснод манзили истиқоматиам кайҳо бояд аз сокинони ғайриқонуниаш холӣ ва ба ман баргардонида мешуд. Вале имрўз бозингарони пасипардагӣ бо роҳҳои дигар муаммои наверо ба миён меоранд.

Моҳи декабри соли 1992 аз кўчаи Афзалии шаҳри Душанбе ба маблағи 250 000 рубли онвақта хонаеро харида, ба додарам Имом Саидов, ки он вақт дар кўчаи Костюка (ҳоло Муллоёри Ванҷӣ) иҷоранишин буд, муваққатан додам. Аммо ў соли 1994 бо маслиҳати кадом қаллоб пинҳонӣ барои хонаам ҳуҷҷатҳои харидуфурўши қалбакӣ намудааст.

Баъди муроҷиати ман ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатшинос Ямакова тасдиқ кард, ки ба ҷойи ман дар ҳуҷҷати қалбакӣ бародарам имзо гузоштааст. Суди ноҳияи Шоҳмансур манро соҳибмулк ҳисобида, 29 июли соли 2008 ҳалнома баровард. Суди шаҳри Душанбе низ 11 сентябри соли 2008 ҳалнома бароварда, маро соҳибмулк эътироф намуд. Моҳи декабри соли 2008 судяи Суди ноҳияи Шоҳмануср Х. Аҷиков ҳалнома баровард, ки Расулова Навотой бе додани хонаи истиқоматӣ кўчонда шавад. Баъди шикояти Н. Расулова муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Муллоев ва судя Рошиддин Тўраев ҳалномаи ду зинаро беасос бекор карда, ба зинаи поён равон карданд.

Ман 20 апрели соли 2009 дар беморхонаи №5 бистарӣ будам, вале судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Зебо Бўриевна бе иштироки ман ба Н. Расулова шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро додааст. Тибқи ин ҳуҷҷат гўё хонаи мазкур дар асоси шартномаи хариду фурўш, ки 10 июни соли 1994 таҳти феҳристи №9 Д-489 аз тариқи Идораи 1- уми нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ба меросгузор тааллуқ дорад. Баъдан Суди ноҳияи Шоҳмансур муайян кард, ки шартномаи мазкур бо роҳи сохтакорӣ баста шудааст ва дар он ман имзо нагузоштаам. Директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» С. Маҳмудов низ 21 августи соли 2015 тасдиқ намуд, ки хонаи баҳсии мазкур (кўчаи Афзалӣ) ба номи ман ба қайд гирифта шудааст.

Расулова Навотой баъди вафоти бародарам Имом Саидов 13 декабри соли 2003 дар идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳо бо бародарам ақди никоҳи ғайриқонунӣ бастааст. Ҳол он ки бародарам аз соли 1972 бо Ҷалилова (Саидова) Фотима ақди никоҳи қонунӣ дошт ва то ҳол никоҳаш бекор нашудааст. Мувофиқи қонун як шахс дар як вақт бо ду нафар ақди никоҳ баста наметавонад. Аз ин рў, бо эътирози прокурори ноҳияи Шоҳмансур Умед Каримов судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Х. Ашўров ақди никоҳи ғайриқонунии Расулова Навотой ва Имом Саидовро 1 июли соли 2014 бекор кард.

Ман ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз болои муовини сарнотариуси ноҳияи Шоҳмансур Л. Салимова ариза навишта, хоҳиш намудам муайян намоянд, ки чӣ тавр ў Н. Расуловаю фарзандонашро соли 2001 аз фамилияи Расулова ба Саидова гузаронидааст? Ҳол он ки ақди никоҳи ғайриқонуниашон 13 декабри соли 2003 баста шудааст.

Баъди чанде аз номи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 1 Мазориев Ш. ба аризаи ман ҷавоб омад. Дар ҷавоб ў ба ҷойи баррасии рафтори Л. Салимова ба ман «маслиҳат» дода буд, ки ба суд муроҷиат намоям.

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Ҷалолиддини Азиз 11 феврали соли 2014 маро бори дигар соҳибмулк эътироф кард. Аммо судяҳои Суди шаҳри Душанбе А. Қосимова, Н. Асадуллоев, Ш. Х. Ваҳҳобзода ва Н. Раҷабова бе ягон асос онро бекор карданд.

Мебоист 18 декабри соли 2014 Суди шаҳри Душанбе (судя Ваҳҳобзода Ш.Х.), тибқи моддаи 227 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот содир менамуд, вале аз чӣ бошад, ки ҳалнома баровард. Баъди аризаи ман Суди шаҳри Душанбе 14 декабри соли 2015 бобати беэътибор донистани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос нисбати Н. Расулова ҳалнома содир намуд. Ҳамчунин, 4 апрели соли равон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, шаҳодатномаи ҳуқуқ ба меросро беэътибор донист.

Ман 24 октябри соли 2013 бо ариза ба бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат намудам, ки дар бораи таваллуди шаҳрванд Саидова Дилором (духтари Н. Расулова) шаҳодатномаи такрорӣ пешкаш намоянд. Дар ҷавоб ба маълумотнома аз 12 ноябри соли 2013 гуфтанд, ки сабти асноди таваллуди шахси дар ариза дарҷгардида дар бойгонии Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар соли 1984 мавҷуд нест. Боз ба идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намудам. Аз номи мудири бахши дахлдори идораи мазкур М. Каримова 20 апрели соли равон ҷавоб омад, ки дар бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур сабти таваллуди Д. Саидова (соли таваллудаш 1984) ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст. Зимни муроҷиати так­рорӣ низ чунин ҷавоб гирифтам. Аммо М. Каримова 12 майи соли ҷорӣ таҳти №1457 ба Навотой Расулова маълумоти бардурўғ фиристодааст, ки гўё Саидова Дилором дар шуъбаи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур ба қайд гирифта шудааст. (ду ҷавоби мазмунан ба ҳам зид).

Пас аз муроҷиат ба Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур маълум гардид, ки шаҳодатномаҳои пешниҳоднамудаи фарзандони Расулова Навотой қалбакӣ буда, дар бахшҳои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар бораи онҳо маълумоте мавҷуд нест. Н. Расулова бо мудири бахши Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур забон як карда, соли 2007 ба номи Саидова Дилором шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ки он ҳам беасос буда, дар китоби бақайдгирӣ сабт нашудааст. Дар рақами овардаи онҳо номи шахси дигар навишта шудааст.

Ин ҷо саволе пеш меояд, ки чунин бозиро кӣ роҳандозӣ карда истодааст? Ў кист ва ин бозию монеагузориҳо ба хотири чист? Оё роҳбарони афроде, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳо роҳ додаанд, аз ин амали зердас­тонашон огоҳӣ доранд? Шояд баъди чопи ин матлаб онҳо аз асли воқеа огоҳ шуда, ҷилави зердастонашонро кашанд?

Ман ба тантанаи адолат боварӣ дорам.

 Умаралӣ САИДОВ, сокини шаҳри Душанбе