Манъи гузоштани ришу номҳои мазҳабӣ ва пӯшидани ҳиҷоб

№40 (3677) 15.04.2017

Дар вилояти Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 1 апрел ба мардон гузоштани риши дарози ғайрисуннатӣ ва ба занҳо дар макони ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯяшонро мепӯшонад, манъ гардид.

Парлумони вилояти Шинҷон-Уйғури Хитой 29 март қонунеро қабул кард, ки барои мусалмонони сокини ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон як силсила маҳдудияти нав ҷорӣ менамояд. Дар қонун, ки аз оғози моҳи равон мавриди иҷро қарор гирифт, аломатҳое номбар шудаанд, ки ба ақидаи мақомоти кишвар пайрави равияҳои тундрави мазҳабӣ будани касро собит мекунанд.

Ба мақомоти марбута дастур дода шудааст, то «занонеро, ки либосашон рӯи онҳоро мепӯшонад, ба фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус роҳ надиҳанд ва дар бораи чунин афрод ба пулис хабар диҳанд».

Тибқи қонун, мусалмонони сокини Шинҷон бояд ба хотири ворид шудан ба ҳаёти дунявӣ радио ва телевизионҳои давлатиро гӯш, тамошо ва дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Инчунин, издивоҷ бо никоҳи мусалмонӣ ба ҷойи никоҳи расмии қонунӣ, ба фарзандон гузош­тани номҳое, ки ба хотири ташвиқи мазҳабҳо гузошта мешаванд, манъ аст. Волидон минбаъд барои бо далелҳои мазҳабӣ ба мактаб намондани фарзандонашон тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд. Қонун онҳоро муваззаф менамояд, ки ба фарзандон омӯзиши илмҳои дунявиро ташвиқ ва онҳоро ба сӯи ваҳдати миллӣ, мубориза алайҳи ифротгаройӣ даъват кунанд.

Барои ҷалби фарзандон ба фаъолияти мазҳабӣ ба волидон ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст. Давлат фарзандони онҳоро ба тарбияи худ гирифта, барои ислоҳ ба лагерҳои махсус мефиристад.

Сабаби қабули  қонун зиёд будани шумораи зодагони Шинҷон дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ (5 ҳазор нафар) мебошад.

Иброҳими СУЛТОН