Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

№65 (3859) 26.05.2018

parliam-880x528Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи равон лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти мазҳабӣ ва созмонҳои мазҳабӣ»-ро қабул кард, ки онро Вазорати кор дар умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия намудааст. Дар он мафҳумҳои нав, амсоли «ҷараёни харобиовари мазҳабӣ» ва «тундгароии мазҳабӣ» ворид карда шудаанд, ки ба ақидаи вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Дархан Калетаев, имкон медиҳанд бо манъи паҳнсозии ақидаҳои тахрибкори ҷараёнҳои динӣ талқин намудани ақидаҳои бегона пешгирӣ карда шавад.

Қонуни зикршуда, ҳамчунин иҷозат намедиҳад, ки кӯдакон ва наврасон бе розигии волидон ба маросими динӣ ҷалб карда шаванд. Бар асоси он, танҳо шаҳрвандоне ҳаққи дар хориҷ таҳсили динӣ карданро доранд, ки нахуст дар дохили кишвар маълумоти олии динӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин, қонун мансабдорони давлатиро аз узвият ба созмонҳои динӣ, истифодаи мавқеи хидматӣ ба нафъи созмонҳои динӣ манъ мекунад.

«Садои мардум»