Марди набард

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

бобомҲар касе кард ҷон фидои Ватан,

 То ҷаҳон ҳаст, навҷавон монад.

 Дар дилу ёди ёру фарзандон,

 Меҳрубонмарду қаҳрамон монад.

(Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоири  ҷанговар)

Файзи саҳар

 …Пири нуроние, ки сари синаашро орденҳои «Ситораи Сурх» ва «Шараф» (дараҷаи III) оро медоданд, хаёлолуд аз кӯчаҳои деҳаи Артуч қадам мезад ва беихтиёр гузаштаи дури хешро пеши назар меовард. Овони бачагӣ,  гузашти умр  ва шояд нақши худро дар рӯзгор  аз пеши назар мегузаронд.

Лаҳзае ба сукут рафт.  Гоҳе аломати ғам ва гоҳе аломати шодӣ дар симои бовиқораш ҳувайдо мегардид.Чанд қадами дигар гузошту вориди дарвозаи мактаб шуд. Посбони мактаб Юнус Шодмонов-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯро гарм истиқбол намуда, ба чойнӯшӣ даъват кард. Фарроши мактаб Раҳмони Ҳақбердӣ дар қаровулхонаи мактаб аллакай нонҳоро гарм кардаву интизори омадани амаки Элбой буд.

Элбой Шукуров низ муҳри дӯконашро кушода, саҳни коргоҳашро аз назар гузаронид ва аз тозагии он ҳавасаш омаду ба бобои Раҳмон аҳсан гуфт. Бобои Раҳмон аз лутфи Элбой-амак хурсанд шуду ӯро низ ба чой нӯшидан таклиф намуд. Элбой Шукуров бошад: «Хуб, ҳозир  меоям», — гӯён бо косаи чинии калон равғани зарди нав аз овули Тангдара фиристодаи келинаш Гулсара (ҳамсари писараш Сабоҳиддин) вориди қаровулхона гардиду бо ҳамроҳии Юнус Шодмонов ва Раҳмон Ҳақбердиев то омадани директори мактаб Ҳақбердӣ Мирзоев, гирди дастурхон суҳбат карданд.

Зиндагинома

 Элбой Шукуров тобистони соли 1922 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Бо амри сарнавишт модараш аз олам чашм мепӯшаду ӯ сағир мемонад. Холбибӣ Холиқова ном  аммааш бо розигии шавҳараш Шукур Шодиев Элбойи хурдакакро ба фарзандӣ қабул ва ба камол расонданд. Овони кӯдакии Элбой дар деҳаи Артуч сипарӣ гардид. Аввал дар мактаби ибтидоӣ хонда, хатту савод баровард, баъдан шомили мактаби 7- солаи рақами 40-и зодгоҳаш — деҳаи Артуч гардид.

Баъди хатми мактаби ҳафтсола ва гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ба номи А.В. Луначарский супорид. Соли 1941 омӯзишгоҳи мазкурро хатм намуда, дар мактаби зодгоҳаш омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кор кард.

Ҳушдори Сталин

22-юми июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг бо лашкари 5 — миллионнафараи  дорои 20 ҳазор тӯп, 5,2 ҳазор танк, 4,4 ҳазор ҳавопаймо, 115  киштии ҳарбӣ вориди Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Тибқи маълумоти мавҷуда, хисороти моддии расондашуда  ба мамолики олам беш аз 4000 млрд. доллар, аз ҷумла, хароҷоти бевоситаи ҷанг 1384 млрд. долларро дар бар мегирад. Иҷшс 30 дарсади сарвати миллии худро бой дод. Инчунин, 70 ҳазор  шаҳру шаҳрак  ва деҳоти Иттифоқи Шӯравӣ ба хок яксон шуд. Талафоти одамон ба  зиёда аз 50 миллион нафар расида, беш аз 90 миллиони  дигар захмӣ ва маъюб гардиданд.

Даъват ба фронт

10-уми декабри соли 1941 хаткашони минтақавии Ҷамоати деҳоти «Кулолӣ» ба унвони се нафар сокини деҳаи Артуч-Элбой Шукуров, Сулаймон Шоҳмуродов, Облоқул Алиев ва Камолиддин Ёров (аз деҳаи Панҷрӯд), Шамсиқул Ниёзов (аз деҳаи Зери Ҳисор),  Хушбахт Истамову Ғаффор Саримсоқов (аз деҳаи Негнот) даъватнома овард.

Субҳи 12-уми декабр онҳо ба сӯйи Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент роҳ пеш гирифтанд. Баъди ба фронт сафарбар гардидан аз байни номбаршудагон  Элбой  Шукуров соли 1944, вақте ки рафиқи қазоқаш захмӣ мегардад, дар госпитали ҳарбӣ Ғаффор Саримсоқови негнотиро дучор меояд, ки аз дасташ ҷароҳат бардошта буд.

 Хатти тақдир

Элбой  Шукуров аз моҳи декабри соли 1941 то апрели соли 1942 дар шаҳри Ленинобод аз машқҳои ҳарбӣ мегузарад. Охири моҳи апрел, баъди тавассути қатора ба наздикии шаҳри Харков фиристодан, ӯро ба ҳайси сарбози қаторӣ ба ҳайати Армияи 4-уми зарбазан қабул намуданд.

16-уми майи соли 1942 аз китфи чап ярадор гардида, ба госпитал меафтад. Худи ҳамон рӯз, баъд аз дорую дармон қабул намудан, соати 12-и шаб  бо мошини тамғаи «ЗиС-105» ба шаҳри Оскол фиристода мешавад. Ҳамин тавр, ӯ муддате дар шаҳрҳои Саратов ва Горкий  ба табобат фаро гирифта шуд.

Охири соли 1942 ҳамчун сарбози шуҷоъ ӯро ба Фронти якуми Украина мефиристанд. Баҳори соли 1943 шомили дивизияи 25-уми тирандоз мегардад. Ӯ ҳамчун миномётчии чолок дар муҳорибаи Курск ва ҷангҳои шадиди Белгород фаъолона ширкат меварзад. Дар яке аз набардҳои хунин фашистҳо пас аз ҳуҷуми сахту гӯшношунид сарбозони шӯравиро маҷбур карданд, ки 18 километр ақибнишинӣ  намоянд. Пас аз ду ҳафта Армияи Сурх ба ҳуҷум мегузарад ва дар як шабонарӯз фашистҳоро то нуқтаи дидбониашон зада пеш мекунад. Баъд аз ин ба миномиётчии далер Элбой Шукуров рутбаи сержанти калонро муносиб донистанд. Рӯзи дигар ӯ аз ҷониби генерал Рокосовский бо ду медали «Шуҷоат» сарфароз мегардад.

Зимни суҳбат ӯ боре ба ман гуфта буд: «… охири моҳи январи соли 1944 маро ба корпуси якуми савора, полки 7-уми гвардия қабул намуданд. Он рӯзҳо  дар шаҳрҳои Лвов  ва Лутск  ҷанг­ҳои шадид идома доштанд.

Моҳи июни соли 1944 дар Фронти якуми Украина адои хидмат намудам. Охири ҳамон сол дар сарҳади Россия, Чехословакия ва Полша низ қарзи сарбозиамро ба иҷро расонидам. Шаҳрҳои Лвов ва Прагаро  озод намудем. Ана, дар ҳамон набардҳои шадид аз номи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ба ман орденҳои «Ситораи Сурх» ва «Шараф» дараҷаи 3-ро дар вазъияти ботантана супориданд.

Маротибаи охир, дуюми майи соли 1945, шаҳри Дрезденро пурра аз фашис­тон озод намудем. Лаҳзаҳои ҷангӣ  хеле зиёданд. Зеро ман расо 4 солу як моҳ дар муҳорибаҳо ширкат доштам. 10-уми январи  соли 1946 сиҳату саломат ба хона баргаштам».

 Рӯзгори ибратбахш

Элбой Шукуров баъди боз­гашт аз майдони набард, аз соли 1946 то соли 1974 дар вазифаҳои омӯзгор, котиби якуми Кумитаи комсомолии собиқ райони Колхозчиён (ҳоло ноҳияи Панҷакент), мудири шуъбаи умумии Кумитаи ҳизбӣ, муовини раиси колхоз, котиби Кумитаи ҳизбии колхоз, раиси колхози ба номи Ворошилов ва дар мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи Артуч кор кардааст.

Номбурда марди заҳматкаш ва соҳибмаърифат буд. Бо ҳамсари дилбандаш Ҳалима Рустамова зиндагии намунавӣ ва шоиста ба сар бурдаанд. Аз ҳаёти якҷоя соҳиби 5 фарзанди дилбанд гардидаанд.

Писари калониашон, шодравон Шаҳобиддин Элбоев- сармуҳандиси ҶДММ «Лада-мармар»-и шаҳри Панҷакент, Аловиддин Элбоев-омӯзгори фанни кимиё ва биологияи МТМУ №18-и деҳаи Артуч, Сабоҳиддин  Элбоев-солҳои зиёд сарагрономи совхози «Навобод»-у раиси колхози ба номи Рӯдакӣ (ҳоло хоҷагии деҳқонии «Чимтарға») кор кардаанд. Фазлиддин — мударрис, ягона духтарашон-Заррагул соҳибхоназан мебошанд.

Соли 2006 дар синни 84 ҷанговари шуҷоъ, Элбой Шукуров аз олам даргузашт. Имрӯз наберагону пайвандон ифтихор мекунанд, ки бобои ҷанговару олиҳиммат доштанд.

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

 журналист