Марги тадриҷии чанорҳои боғи Сӯфӣ

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

Ё шиква аз бепарвоии мардум

ываываМизроб Муҳаббатов. Ӯро хеле барвақт мешиносам. Борҳо дидаам, ки назди бинои шуъбаи маорифи ноҳия омӯзгорони ҷавон давраш ҳалқа гирифтаанд. Гузаштаи кишварро хуб медонад ва бо забони шево ва лаҳни ширин ба шогирдон аз таърихи мамлакат дарс медиҳад. Ҳақгӯю ҳақталош аст. Умре ба муқобили беадолативу беинсофӣ мубориза бурдааст.

Ҳоло дар рухсораву пешониаш ожангҳо пайдо гардиданд. Дигар он зӯру тавонро соҳиб нест, ки пеш дошт, аммо ҳанӯз дарс мегӯяд.

Чанд рӯз пеш ӯро назди кохи фарҳанги шаҳрак дидам. Чеҳрааш гирифтаву дижам бар абрӯ зада буд. Донистам, ки дарде ӯро азият медиҳад. Дарде, ки ба  миллат ё осорҳои таърихии ӯ иртибот дорад. Ӯро то дафтари кории сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» овардам. Худододи Зайниддин моро бо чеҳраи кушод пазироӣ кард. Пазироии Худодод хушаш омад, ки чеҳрааш оҳиста-оҳиста кушода шуд ва баъди нӯшидани як пиёла чой риштаи суханро ба даст гирифт.

вапвап- Алами кас меояд, — бо овози паст гуфт Мизробшоҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва мавзеъҳои таърихӣ дастуру супориш додаанд. Дар ин самт роҳбарияти ноҳия корҳои хубро амалӣ карданд ва дастовардҳо назаррасанд. Аммо ҳастанд одамоне, ки дирӯзу имрӯзи диёр барояшон арзиш надорад.

Бархе аз  мардум парвои ёдгориҳои таърихиро надоранд. Бояд ёдгориҳои таърихиро ҳифз кунем. Панди падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Касе аз берун омада, Ватани моро обод намекунад» бояд сармашқи кор бошад.

Лаҳзае сукут меварзад. Шояд донистан мехоҳад, ки ба умқи гуфтаҳояш мерасем ё на.

- Мавзеи Шул бо манзараҳои зебову шахсиятҳои фарҳехта шуҳрати ноҳияро баланд бардоштааст, — сукути бамиёномадаро халалдор мекунад ӯ. — Фарзандони барӯманди ин диёр, ба монанди Нусратулло Махсум, Манзар Шариф, Ҷӯрақул Раззоқов, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Салими Давлатманд, Мирзоҷон Иддибеков, Додарбек Наимов, Абдураҳмон Қурбон, Мадалӣ Саидов, Талҳа Умаров, Лочин Шомаҳмадов, Партов Раҷабов, Раҷаб Исоев, Сулаймон Умронов, Ҷамол Сироҷов, Аҳмад Раҳматов, Саидумар Лоиқов, Меҳмон Бахтӣ, Холназар Муҳаббатов, Зиёратшо Акобиров, Мусофир Кабутов, Садриддин Нурзода, Ҳоҷӣ Наҷмиддинов, Муйиддин Зиёвудинов, Мирзоҷумъа Ҳаёев, Гулдаста Раҳимова, Раъно Қирғизова, Меҳрӣ Сайдалиева, Саврӣ Иброҳимова ва чанд тани дигар шахсиятҳоеанд, ки номашон вирди забони мардум аст.

Дар мавзеи Чанорони боғи Сӯфӣ панҷ чанор мавҷуд аст. Тахмин меравад, ки онҳо таърихи панҷҳазорсола доранд. Дар таги онҳо чашмаи софу зулол ҷорист. Оби он дар фасли тобистон хунуку дар фасли  зимистон гарм аст. Жарфиаш беш аз 2 метр буда, 10 метр дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад.

Дар наздикии чашма оромгоҳи яке аз шахсият­ҳои намоёни таърихӣ Хоҷаи Ҷавохон ва оромгоҳи омӯзгори мубориз Ҷӯрақул Раззоқов, ки дар мубориза бар зидди босмачиҳо ҳалок гардидааст, мадфунанд.

Солҳои охир   мардум оби чашмаро дар қубурҳо кашида, ба хонаҳояшон бурданд.  Аммо фаромӯш карданд, ки ин мавзеъ ҷои муқаддас, қадамгоҳи бузургон ва шоҳиди ҳазорон саргузашт аст.

Аз панҷ чанори мавзеъ яктоаш аз беобӣ хушк шуд. Ҳоло оби чашма барои  сероб гардонидани чанорҳо ва дарахту буттазори гирду атрофи он басанда нест.

Мавриди зикр аст, ки мавзеи Боғи Сӯфӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи маҷлисгузаронии роҳбарони хоҷагӣ буд. Давлатмардони вақт, аз ҷумла, Манзар Шариф, Боқӣ Раҳимзода, Тоҷиддин Исоев ва раисони вилояту ноҳияҳо низ дар он ҷо истироҳат мекарданд.

Омӯзгори собиқадор оҳ мекашад ва мегӯяд:

- Азнавсозии ин мавзеъ ва ҳифзи чашмаи он амали хайру савоб буда, ба дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат мекунад.

Ба тартиб овардани чашма ва ба ҷои тамошобоби таърихӣ табдил доданаш, маб­лағи зиёд талаб намекунад. Ҳар як шахс метавонад ба қадри ҳиммат саҳмгузорӣ кунад. Бовар дорам, ки роҳбарияти ноҳия барои анҷом додани ин кори хайр ҷонибдорӣ мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Мизроб Муҳаббатов соли 1936 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Падараш яке аз фаъолони бунёди сохтори навини давлат буд. Ӯ Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ба итмом расонид ва ба зодгоҳ баргашт…

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»