Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

№ 02.11.2017

Бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, котиби сеюми Сафорати Япония дар Тоҷикистон Акиюки Сусуи, ҳамоҳангсози лоиҳа Аои Саиучи ва роҳбарону фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр Боҳирӣ Ғайбулло Назир барои бунёди марказ ба ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Насим» ва чанде аз ҳунармандону рассомони маҳаллӣ низ, ки саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

Маркази навбунёд аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, 2 ҳуҷраи истироҳатӣ, ҳуҷраҳои ҳунаромӯзӣ, санитарӣ, равоншинос, асабшинос, логопед ва тренинг иборат мебошад. Барои сохтмони он аз ҷониби Сафорати Япония 81 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом 130 ҳазор сомонӣ ­маблағгузорӣ шудааст.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»