Маркази Ванҷ ба шаҳрак табдил меёбад

№140 (4090) 21.11.2019

Чанд сол муқаддам Сарвари давлат зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ барои бунёди 4 иншоот дар маркази ноҳия ба Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода буданд. Ин иншоот — бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба маблағи 10 млн. 759 ҳазор сомонӣ, қасри фарҳанг ба ­маблағи 6 млн. 930 ҳазор сомонӣ, мактаби замонавӣ дар маркази ноҳия барои 630 хонанда ба маблағи 14 млн. 959 сомонӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Президенти кишвар дар мулоқот бо сокинони ноҳия иброз доштанд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз иншооти муҳим, аз қабили маркази хизматрасонӣ (иборат аз ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва меҳмонхона), боғчаи бачагона барои 200 нафар, боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ бунёд мегарданд. Бар илова, Роҳбари давлат барои мумфаршгардонии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия низ ба Дирек­сияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои бисёрошёнаи комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, яслӣ — боғчаи бачагона, маркази хизматрасонӣ, ҳамчунин, дар самти мумфарш­гардонии роҳҳо идома дорад.

Симои маркази ноҳия ба куллӣ тағйир ва ба шаҳраки зебову оростае табдил ёфтааст.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»