Пешсафони обуна - 2016

Мароми мо созандагист

№177 (3478) 25.12.2015

ДУСТЗОДА- Имрӯз ҳар фарди солимақл дар ҷомеаи мо пайи он талош менамояд, ки дар бунёди давлати пойдору пешрафта саҳм гузорад. Ин ният дар дили онҳо аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, зеро Сарвари давлати мо тӯли солҳои роҳбариаш танҳо пайи ободию рушду нумӯи кишвар ва хушбахтии тоҷикону тоҷикистониён заҳмат кашидааст. Мо худро насли хушбахт меҳисобем ва ифтихор мекунем, ки парвардагони мактаби Сарвари давлат мебошем. Маҳз ҳамин мактаб буд, ки дар дили тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва башардӯстиро шуълавар намуд. Имрӯз дар диёри мо шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки аз дастовардҳои кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ боифтихор сухан нагӯяд. Ҳар яке аз мо омодаем барои амалӣ намудани барномаҳои зиёди давлатӣ меҳнат намоем. Яъне, мароми мардуми мо бунёдкорию созандагист, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ва дар идомаи сухан андешаҳояшро чунин иброз дошт:

- Сокинони ноҳияи Нуробод, мисли дигар мардуми Тоҷикистон, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромии кишвар, ваҳдату ягонагӣ буданду ҳастанд. Сол то сол дар ноҳияи мо дигаргуниҳо бештар шуда истодаанд. Мардум бо дилгармӣ  ва боварӣ ба оянда кору зиндагӣ мекунанд. Бовар доранд, ки маҳз дӯстиву рафоқат, сулҳу оромӣ ва меҳнати софдилона метавонад барои сокинони кишвар зиндагии шоистаро таъмин намояд.

Маъракаи обуна, ба андешаи мо, яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Рӯзнома ва маҷаллаҳо он воқеаву ҳодисаҳоеро инъикос мекунанд, ки баёнгари рӯзгори моянд.

Ҳанӯз дар оғози маъракаи обуна бо мақсади муназзам ба роҳ мондани он дар ноҳия ситоди корӣ ташкил намудем. Аъзои ситоди мазкур дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монданд. Натиҷаи кори хуби онҳо буд, ки сокинони ноҳия ба 350 нусха рӯзномаи «Садои мардум» обуна шуданд.

«Садои мардум» рӯзномаест, ки метавонад дар ҳама ҷода ба мардум хизмат кунад. Ҳамин аст, ки сафи муштариёни он сол то сол дар ноҳияи мо зиёд мегардад. «Садои мардум» нашрияи расмист ва тавассути он сокинони ҷумҳурӣ аз ҷараёни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ меёбанд, бо қонунҳои қабулшуда ва тафсири онҳо шинос мешаванд.

Рӯзномаи «Садои мардум» соли 2015 аз рӯзгори мардуми ноҳияи Нуробод мақолаву хабарҳои зиёд ба табъ расонид. Комёбиҳои сокинони ноҳияро ба мардуми кишвар муаррифӣ намуд.

- Ширкати фаъолонаи ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия дар маъракаи обуна барои соли 2016 гувоҳи он аст, ки тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи Нуробод сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдоранд ва мехоҳанд, ки дар рушду нумӯи мамлакат ҳиссаи сазовор гузоранд, — гуфт дар хатми суҳбат Ҳасан Дӯстзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»