Масъулин супоришҳои мушаххас гирифтанд

№ 19.10.2016

17 октябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ доир гардид, ки  дар он раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони хадамоти марбутаи шаҳрии назорати давлатӣ, сохторҳои муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳо ва ғайра ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа асосан масъалаҳои марбут ба зимистонгузаронӣ матраҳ гардиданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки захираи маҳсулоти истеъмолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  дар КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои коммуналию хусусӣ, таъмин ва сатҳу сифати зарурии хизматрасониҳо, бо либосҳои ягонаи тасдиқгардида ба роҳ мондани фаъолияти фурӯшандагон дар бозорҳову марказҳои савдо, новобаста аз шакли тобеияти идоравӣ, зери назорати қатъии комиссияҳои маҷлисҳои вакилони халқи  шаҳр ва ноҳияҳои он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шавад.

Дар робита омодагии кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ситодҳои доимоамалкунандаи соҳавии шаҳрию ноҳиявӣ таъкид гардид, ки воқеияти корҳои ҷараёнгирифта аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳр субҳи душанбеи ҳар ҳафта то Наврӯзи соли 2017 дар ҷаласаи назоратии Раиси шаҳр мавриди баррасии амиқ қарор дода мешавад.

Роҳбарони сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил вазифадор гардиданд, ки сафарбарсозии сарчашмаҳои моддию молиявии сокинони шаҳрро барои омодасозии манзилҳои зисташон ҷиҳати қабули гармии мутамарказ ба роҳ монанд ва таблиғи воқеияти сарфакорона будани онро ба буҷети оилавӣ тавассути таҳия ва пахши роликҳои телевизионӣ, варақаҳо дар байни аҳолӣ вусъат бахшанд.

Масъулини соҳаи тандурустию маориф муваззаф гардиданд, ки баҳри пайвастаю пайгирона баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, донишомӯзӣ ва тарбияи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи нақшаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳолати таъминоти иншооти табобатию профилактикӣ, мактаб-интернату хонаҳои кӯдакони зертавозунро зери назорати доимӣ  қарор диҳанд.

Ба муовини якуми Раиси шаҳр Ашӯрбег Расулов, муовини Раиси шаҳр Шакарбек Самадов,  роҳбарияти ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва КВД «Обу корези Душанбе» супориш дода шуд, ки дастрасии муштариёнро бо барқу об ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи онҳоро аз тарафи истеъмолкунандагон таъмин созанд.

Ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои сарфакорона истифодабарии неруи барқ қарор дода шуд, ки шурӯъ аз 1 ноябри соли 2016 фаъолияти фаввораҳо дар ҳудуди шаҳр қатъ карда шавад.

Пешгирии амалҳои коррупсионӣ, истифодаи таъинотии маблағҳои буҷетӣ, ҷамъоварии андоз ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, дастгирии ҳамаҷонибаи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, каналу селпартоҳо, коркарди санитарии дарахтон ва фаъолияти  нақлиёти ҷамъиятӣ низ аз масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ш. САИДОВ