Мастчоҳ. 196 иншооти ҷашнӣ соли равон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

№33 (4139) 17.03.2020

Дар ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ният доранд 196 иншооти таъиноташон гуногунро ба истифода диҳанд. Арзиши умумии онҳо 319 млн. 759 сомониро ташкил хоҳад дод.

Бино ба иттилои муовини раиси ноҳия оид ба сохтмон Шавкат Солеҳиён, бештари иншооти ҷашнӣ дар шаҳраки Бӯстон, деҳоти «Палдорак» ва шаҳраки Суғдиён ба нақша гирифта шудааст.

- Корҳои сохтмонӣ асосан ба ободонӣ ва бунёди иншооти таъиноташон иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, — гуфт Шавкат Солеҳиён. Масалан, дар нақша аст, ки соли равон 4 мактаби таҳсилоти умумӣ, 5 дорухона, 4 маркази хизматрасонӣ, 5 гулгашт, 3 корхонаи истеҳсолиро ба истифода диҳем. Айни ҳол дар ин иншоот корҳо вусъати тоза гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегардад.

Тавре раиси навтаъини ноҳия Тоҳир Азиззода изҳор дошт, рӯзи ташрифи меҳмонони олиқадр 12 иншоот дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки азимтарини он варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст аст.

Барои сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатии вилоят 15 млн. сомонӣ ҷудо шудааст. То ҳол ба маблағи 13 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст. Ҳамчунин, ба истифодадиҳии биноҳои шуъбаи маориф, мактаби нав дар деҳаи Ганҷобод барои 160 хонанда, боғчаи бачагона барои 160 кӯдак, фабрикаи мурғпарварӣ барои парвариши зиёда аз 1 млн. чӯҷа дар назар аст.

- Баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Мастчоҳ баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, ба мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат бо мардуми Ӯзбекистон мусоидат менамояд, зеро бо се ноҳияи ин кишвар — Бӯкаю Олмалиқ ва Бекобод ҳамсарҳад мебошем, ки албатта, дар рӯзи ҷашн онҳоро даъват мекунем, — гуфт Тоҳир Азиззода.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»