Мастчоҳ. Бунёди хона барои фарзанди ятим

№71 (4021) 20.06.2019

ывсывсСокинони деҳоти «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ тасмим гирифтанд тавассути ҳашар ба хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Шукрулло Боқиев хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд.

Аҳли деҳа ният доранд, ки хонаи навро дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ӯ тақдим намоянд.

Хурсандии Шукрулло ҳудуд надорад. Ӯ бо шукргузорӣ аз тақдиру қисмат гуфт:

- Амали неки ҳамдеҳагонам иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 27 ятими кулл ба сар мебаранд, ки ба онҳо мунтазам кумак расонида мешавад.

М. Мақсудов, «Садои мардум»