«Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо»

№130 (3924) 27.10.2018

Мавлоно (2)Таҳти ин унвон 19 — 20 — уми октябри соли 2018 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Дар симпозиум президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ, ноиби президенти ТИКА Сурейя Эр, ректори Донишгоҳи шаҳри Қуния, профессор Мустафа Шаҳин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Алӣ Рифат Кӯксал, мудири Институти таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи шаҳри Қуния, профессор Алӣ Темизел, олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия ширкат ва суханронӣ намуданд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон ҳамеша гиромӣ медоранд. Осору афкори ӯ мавриди омӯзиши пайваста қарор дорад ва барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор мешаванд. Симпозиуми имрӯза аз ҳамин ҷумла аст ва бовар дорам, ки барои дарки осори Мавлоно мусоидат хоҳад кард.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештар дар Туркия умр ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳар сол 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардуми Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Номбурда дар идома гуфт, ки «Осори Мавлоно, ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин дар миёни осори шоирони ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрико, дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ пайваста бо теъдоди зиёд нашр мешаванд. Ин аз шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осораш дарак медиҳад».

Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр изҳор дошт, ки дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, мудири Институти таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи шаҳри Қуния Алӣ Темизел ва ноиби президенти ТИКА Сурейя Эр миннатдории худ­ро ба иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ иброз дош­та, ба қисме аз баромадкунандагон аз номи Кумитаи тадорукот сертификат тақдим намуданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»