Мазаи даҳонамонро гум кардем

№39 (3833) 29.03.2018

«Соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Ҳукумати мамлакатро лозим аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнокро тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

0-02-05-cc906a177ac0bd1610f26fa6b3b0948fa0bef983db83c0524eb5102664033030_fullДар Кӯлобу Мӯъминобод ӯро бо чанд ном мешиносанд: устои сангтароши гултеппагӣ, усто Сафари табақтарош, бачаи усто Фозили чиргиндӯз.

Аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад. Човандозону асппарварон низ ӯро хуб мешиносанд. Зеро зину афзоли асп – ёлпӯш, чиргин, рӯзинӣ, ҷахлуқ, қамчин, лаҷом, аҳил низ метавонад омода кунад усто Сафар. Ӯ ин ҳунарҳоро аз падараш – усто Фозил омӯхтааст. Имрӯз маҳсули дастони ин ҳунарманд дар фестивалу намоишгоҳҳо зинатбахшу баёнгари ҳунарҳои бобоиянд.

Бобои усто Фозил хеле маъруф буд ва дар миёни мардуми диёр эҳтироми хос дошт. Дари хона ва чеҳрааш барои ҳама кушода буд. Нонашро бо нӯги дирафш меёфт.

Чун аҳли ҳунар дар ҳама давру замон соҳибэҳтиром буд, ҳунари устоиро ба фарзандаш низ талқин кард. Зиндагии ӯро аз ин касб мураттаб сохт, дасташро рост кард. Сулолаи ҳунарӣ дорад, усто Сафар. Бобояш Фақир низ усто буд. Имрӯз ӯ пайвандгару давомдиҳандаи ҳунари авлодист. Марди заминист, хушсухану суҳбаторо. Аслан, хислату рисолати ҳунармандон ин аст, қобил, заҳматнописанд… Маҳсули дастонаш хушсифатанд. Табақҳои тарошидааш писанди ҳамдиёрон аст. Косибонро аслан аз рӯйи сифати молашон мешиносанд. Моли ӯ бозоргир аст.

Коргоҳи ӯ як сарочаро мемонад. Ду олоти одӣ – тешаю каҷкорд эҷодгари ҳунари волояш мебошанд. Дар тасаввури кас намеғунҷад, ки бо ин ду асбоби одӣ бори гарони зиндагиро пеш мебарад, рӯзғорашро рангин месозад.

Шукр аз истиқлолияти кишвар мекунад, ки ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардида, мутобиқ ба замон рушд мекунанд, яъне торафт замонавӣ мегарданд. Шукр мекунад, ки ҳунар ва ҳунарманд ҷойгаҳи худро ёфт. Маҳсули ҳунари онҳо тараннумгари фарҳанги миллатанд.

Имрӯз хоҳишмандони маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ҳатто хӯрокҳои миллӣ — қурутоб, шакароб, фатиршӯрбо хеле зиёд аст. Дар табақ хӯрдани хӯрок ҳаловати дигар дорад ва табақ хусусияти миллӣ доштани тарзи хӯрокхӯрии моро ифода мекунад.

Маҳсули ҳунари усто Сафар низ ҳаводорони худро дорад. Ҳеҷ як хонадони кӯҳистонро бе чархчӯбу чағдег наметавон тасаввур кард. Мардум чорвои худро ду фасли сол дар марғзору чарогоҳҳои дурдаст нигоҳдорӣ мекунад. Дар ин мавзеъҳо истеҳсоли дуғу маска фақат тавассути чархчӯбу чағдег ба даст меояд.

Усто Сафар дар баробари чӯбтарошӣ сангтарошӣ ҳам мекунад. Ин ҳунарро аз усто Ғаффори ёхсучӣ омӯхта буд. Ӯ дар осиёбҳои обӣ рӯзҳои ҷудогонаи сангтезкунӣ дорад. Усто Сафар ҳунарманди соҳибдилест, зиндагиро аз диди хеш баҳо медиҳад:

- Мардум дар деҳот ҳанӯз дар суроғи орди осиёбианд. Орди осиёби обӣ лаззати дигар дорад. Мо мазаи даҳонамонро гум кардаем. Навъҳои гуногуни гандум пайдо шуду навъҳои беҳтарини бобоӣ (шухак) аз байн рафт. Насли имрӯз аз лаззати орди осиёбӣ бенасиб аст ва ба ордҳои хориҷӣ одат кардааст, фикр мекунад, ки аз ин лазизтар нон ҳеҷ вақт набуд. Ба қавли шоир:

Мурғе, ки надорад хабар аз оби зулол,

Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.

Усто Сафар мегӯяд, ки имрӯз зарур аст теъдоди осиёбҳои обиро ривоҷ диҳем. Дар баробари истеҳсоли орди болаззати аз ҷиҳати экологӣ тоза имкон фароҳам  меояд, ки аз захираҳои обӣ самаранок истифода барем, неруи барқро сарфа кунем. Ба ин хотир, дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондани кори нонвойхонаҳо бо орди осиёби бобоӣ зарур аст. Барои ин имрӯз шароит фароҳам омадааст.

- Хуб шуд, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз он қаноатмандем, ки заҳмату меҳнати мо низ дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад. Ҳамчунин, аз он сипосгузорем, ки ин гурӯҳ ҳунармандонро аз пардохти ҳама гуна андоз озод карданд, — иброз медорад Сафар Фозилов.

А. МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»