Меҳмонхона дар оғӯши кӯҳҳо

№27 (4133) 29.02.2020

Алҳол дар ноҳияи Муъминобод корҳои ободонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъахон Қиматов дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаки Чилдухтарон ба сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ оғоз бахшидаанд. Он 6-ошёна ва дорои ошхона, айвони суҳбаторойӣ, қабулгоҳ, толори барҳаво барои истироҳати бофароғати меҳмонон хоҳад буд. Дар гирдогирдаш боғи хуштарҳу зебои замонавӣ  бунёд меёбад. Дар иншооти мазкур 24 устои ботаҷриба ба корҳои сохтмонӣ  ҷалб шудаанд. Айни замон корҳо дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми  бино бомаром ҷараён доранд.

Бо иқдоми  Ҷумъахон Қиматов, инчунин, дар канори роҳи автомобилгарди Кӯлчашма — Ғеш ду корхонаи коркарди мева  бунёд меёбад.

Маҷмӯан дар ноҳияи ҳоло бунёди беш аз 60 иншооти фарҳангӣ, маишӣ, хизматрасонӣ идома дорад.

Ҳамчунин, дар мавзеи зикршуда сохтмони роҳи пурпечутоби кӯҳӣ ба масофаи 12 км, ки мавзеи Чилдухтаронро  ба деҳшӯрои Шугнови ноҳияи Ховалинг мепайвандад,  оғоз ёфт.

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»