Меҳнати аҳлона файзу баракатро афзуд

№93 (4043) 01.08.2019

Имрӯзҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавотро дар шакли тару тоза пайдо кардан мушкилӣ надорад. Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар ин раванд саҳми бориз дошта, ҳар рӯз ҳазорҳо тонна анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳо ворид месозанд.

Тавре аз Раёсати кишоварзии шаҳр иттилоъ доданд, ҳар сол дар минтақаҳои кӯҳистони деҳоти «Навобод» майдони боғу токзор васеъ ва мутобиқи маълумоти оморӣ нисбат ба солҳои пеш содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, мева, бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Хоҷагии деҳқонии «Фарух-2006»-и деҳоти «Навобод» сенздаҳ сол пеш дар се гектар замини лалмӣ ташкил шуда, роҳбарии онро Ҷамолиддин Одинаев ба уҳда дорад. Хоҷагидорон корро аз кашидани хати обгузар шурӯъ карданд. Дарахтони шинонидашудаи боғи хоҷагӣ айни ҳол 8-10 — сола шуда, ҳосили дилхоҳ ба бор меоранд.

Зимни суҳбат Ҷамолиддин Одинаев гуфт, ки дар боғи хоҷагӣ тамоми намуди мева, аз ҷумла, гелос, олу, олуча, себ, нок шафтолу мавҷуд аст, ки аз ҳисоби фурӯши меваи онҳо зиндагиамонро беҳбуд бахшидем.

- Се фарзандам дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил доранд, ки таъмини онҳо низ аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ аст. Ҳамчунин, парвариши марминҷонро низ ба роҳ мондаем. Дар маҷмӯъ, меҳнати аҳлона боиси афзудани файзу баракат гардид, — гуфт ӯ.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»