Меҳр дар чашм аст

№108 (3902) 04.09.2018

_DSC0093

Аз 29 август то 1 сентябри соли 2018 дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ширкатҳои ватанӣ Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил ва Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир» баргузор гардид.

Субҳи 29 август бо иштироки Аҳтам Абдуллозода — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкаткунандагони фестивал, ки беш аз 100 нафар буданд, дар маркази шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ барпо шуд. Аз он ҷо иштирокчиён ба тамошои Китобхонаи миллӣ, Боғи устод Рӯдакӣ ва Осорхонаи миллӣ рафта, сипас, ба вилояти Суғд роҳ пеш гирифтанд. Ҳайатро дар сафар Дилноза Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарӣ кард.

_DSC0221Иштирокчиёни фестивалро сокинони меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд дар фазои идона бо навои карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд, ки аз ин шодии ширкаткунандагон, бахусус, меҳмонони хориҷиро, ҳадду канор набуд.

Дар шаҳри Истаравшан иштирокчиён Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги ғаниву бостонии мардуми тоҷик шинос гардиданд.

30 август бо иштироки Назира Ғаффорӣ — муовини раиси вилояти Суғд маросими намоишҳои «Мактаби байналмилалии тобистонаи иҷтимоӣ -  инноватсионӣ» ва «Чашмаҳо — набзи ҳаёт» доир гардид, ки дар онҳо ихтирооту дастовардҳои ҷавонон, рассомон, осори таърихиву ҳунарҳои қадимаву муосири миллии тоҷик, ҳамчунин маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маъраз гузошта шуд.

Нозимҷон Усмонов — сарвари осорхонаи хусусии «Анора», ки Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолиби озмуни «Хонаи намунавӣ ва хонаи беҳтарин»-и Тоҷикистон дар соли 2016,  намунаи  ашёҳои  қадимаи миллии осорхона — кӯзаҳо, тарозу бо сангҳо, табақҳои аз гил сохташуда,  дастгоҳи ресмонбофӣ, дарзмолҳои ангиштин аз давраи подшоҳии Николайи II, деги мантупазӣ ва ғайраро ба намоиш гузош­т, ки ҳар кадом аз онҳо беш аз 170 — 250 сол таърих  доштанд.

20180830_081644Дар ҷойи дигар маҳсули дасти ихтироъкорони маҳфили «Авиомоделӣ»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят намоиш гузошта шуд, ки сарвариашро Ҷалол Раҳимов бар уҳда дорад. Яке аз ихтирооти махсуси муҳассилини маҳфил нусхаи ҳавопаймои варзишӣ — хоҷагӣ буд, ки дар сурати дастгирии мақомоти дахлдор онҳо метавонанд ҳавопаймои таҷрибавиро ба истифода диҳанд. Номбурда бо дилпурӣ аз донишу маҳорати шогирдонаш ҳикоя карда, аз ҷумла, гуфт, ки агар таваҷҷуҳ ва дастгирии молиявии мақомот бештар гардад, онҳо на танҳо ҳавопаймоҳои хурд, балки дар оянда тайёраҳои мусофиркаш низ ихтироъ хоҳанд кард.

20180830_065352Инчунин, якчанд макети зебову замонавӣ, ки аз ҷониби мутахассисону толибилмони Гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд ба маъраз гузошта шуд, диққати иштирочиёнро ҷалб намуд. Гимназияи мазкур зертобеи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд буда, се дафъа дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳафт бор дар шаҳриву вилоятӣ соҳиби ҷойи якум гардидааст. Роҳбарии маҳфили техникони ҷавони онро Ҳабибҷон Шарифови пуртаҷриба ба зимма дорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин намоишҳо танҳо нишон додани макету намунаҳои аз коғаз сохтаву аз чӯб тарошидаи мутахассисони ҷавон нест. Онҳо барои амалӣ намудани кашфиёту ихтироот ба дастгирии ҷиддии молиявӣ ниёз доранд. Мақомоти дахлдор ва  соҳибкорони саховатманд бояд ҷиҳати дастгирии  онҳо  камари ҳиммат банданд.

Сипас, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Конфронси илмӣ – назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир» доир шуд. Дар он Дилноза Аҳмадзода ва Назира Ғаффорӣ суханронӣ намуданд. Зимни он инчунин Суҳробҷон Мақсудов, — муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Таалайбек Дайирбеков — ҳамоҳангсози Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Саадат Гурбанова — роҳбари хадамоти матбуотии Кумитаи марказии кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тукан Евгений — депутати  шаҳри Комрат ва ҳамчунин, узви Шӯрои ҳамоҳангсози «Гвардияи ҷавон»-и Ҷумҳурии Молдова, Алексей Карпенко — мудири котиботи Шӯрои ҷавонони СҲШ ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҷамъиятии ҷавонони Россия ва Бекаристан, Аманжолов — муовини раиси Ташкилоти наврасон ва ҷавонон — «Жас Улан»-и Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори андеша карданд.

Дар қисмати дуюми конфронс иштирокчиён дар гурӯҳҳои алоҳида масъалаҳои «Ҷавонон бар зидди терроризм ва экстремизм», «Нақши ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ», «Нақши ҷавонон дар ҳифзи оби тозаи ошомиданӣ», «Рушди ҳаракати волонтёрӣ дар ИДМ ва СҲШ: ҳолат ва дурнамо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар қисмати охири конфронс аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони ҷавони меҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Рӯзи охир иштирокчиёни ҳамоиш бо «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд ошно шуданд.

20180830_064509Зимни маросими пӯшидашавӣ дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки васеи сокинони шаҳри Хуҷанд шоу-барномаи фарҳангиву фароғатии «Садои дӯстӣ» бо шукӯҳи хотирмон доир гардид ва ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Ҳадаф аз баргузории фестивалу ҳамоишҳо густариши дӯстӣ, муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни миллатҳо, таҳкими сулҳу субот ва таҳаввулоти тоза ворид намудан дар ҳаёти рангини ҷавонон мебошад. Бешубҳа, фестивали мазкур ба ин ниятҳои нек мусоидат хоҳад намуд.

Ориф ЁДГОРӢ, «Садои мардум»