Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Мехоҳам кор кунам, вале….»

№96 (3733) 12.08.2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷти­мои­и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мактуби шумо аз 1 августи соли 2017, № 70 мусоҳибаи рӯзноманигор Б. Каримзодаро, ки таҳти унвони «Мехоҳам кор кунам, вале…» дар рӯзномаи «Садои мардум» (8 июли соли 2017, № 81) чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар мақола оид ба таъмин намудани шаҳрванд А. Савриддинов бо протези механикии даст сухан мерафт.

Қабл аз ҳама, ёдовар мешавем, ки А. Савриддинов ҳангоми кор дар яке аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия ҷароҳат бардош­та, маъюб шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» таъмин намудани маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, харидории воситаҳои тавонбахшии техникӣ ва хизмат­расониҳо ба маъюбоне, ки дар истеҳсолот ҷароҳат бардошта маъюб шудаанд, аз ҳисоби корфармо бояд анҷом дода шавад.

Аз ин рӯ, номбурда бояд ба маъмурияти корхонае, ки дар он ҷо кор карда, осеб дидааст, барои гирифтани ҷубронпулӣ ва хароҷоти дигар хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ муроҷиат намояд.

Новобаста аз ин, ба А. Савриддинов аз ҷониби мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон хизматҳои зарурии тиббию иҷтимоӣ расонида шудааст. Масалан, соли 2013 номбурда аз муоинаи маркази саломатии ҷойи истиқомат гузаштааст ва аз тарафи шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии вилояти Суғд, баъди экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, ба ӯ 17 декабри соли 2013 гурӯҳи 1-уми маъюбӣ дода шудааст. Ҳамчунин, 28 феврали соли 2017 такроран аз ташхиси тиббию иҷтимоии шуъбаи хадамоти мазкур дар шаҳри Конибодом гузаронида, гурӯҳи маъюбии ӯ бемуҳлат (ба таври доимӣ) тасдиқ карда шудааст.

Ғайр аз ин, А. Савриддинов соли 2013 аз ҷониби Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе бо протези даст таъмин гардидааст.

М. Камолзода,

муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон