«Милаи гули сурх» ё ҷашнгирии Наврӯз дар Афғонистон

№31 (3981) 21.03.2019

НАврузи АфгонистонФарорасии Наврӯзи хуҷастафол, ки иди миллии мардуми форснажод ва ориёитабор мебошад, китоби хотироти маро варақгардон карда, маросими ҷашнгирии Наврӯзро дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи давлати Афғонистон ба ёдам овард, ки 40 сол муқаддам шоҳид будам.

Моҳи июни соли 1978 ба сифати тарҷумон фаъолиятро дар Департаменти нефту гази шимоли Афғонистон, воқеъ дар шаҳри Мазори Шариф, оғоз кардам. Кор бароям нав буд ва чунон саргарми он гаштам, ки чӣ тавр фаро расидани соли нави 1979 — ро нафаҳмидам. Рӯзҳо мегузаштанд. Зимистони на чандон хунук паси сар шуда, шаб кӯтоҳу рӯзҳо дарозтар мешуданд. Табиат оҳиста-оҳиста ҷомаи сабз ба бар мекард. Ба шаҳри Мазори Шариф, ки аз рӯи иқлим нисбат ба Душанбе гармтар аст, накҳати баҳор барвақтар мерасад. Охири моҳи феврал он ҷо аллакай сабзаҳо дамида, доманаи кӯҳҳоро сабзу махмалин карда буд.

Аз оғози моҳи март корвони шутуракиҳову қатори аспакиҳо, аробаю годӣ (як навъ аробаи фойтуннамо) ба шаҳр бештар ворид мешуданд.

- Сайругашт, базмҳои шеъру суруд баргузор мешаванд, духтаракону наварӯсон ба дасту пой ҳино мебанданд. Падару модарон вобаста ба имконият барои фарзандон либосҳои нав омода мекунанд. Ҳар сол ба шаҳр пайравони мазҳаби аҳли ташайюъ (шиа) аз шаҳру вилоятҳои атроф — Покистону Эрону Ҳиндустон барои зиёрати мақбараи ҳазрати Алӣ меоянд. Гузашта аз ин, беморону фақирон ва фарзандталабон ба шаҳр омада, дар атроф хайма мезананд, — гуфт Муҳаммад Исмоил- сардори Раёсати таъминот ва фармоишоти коргоҳамон.

- Ба пешвози ҷашни Наврӯз дар корхонаю ташкилот омодагӣ рафта истодааст. Дар ҳафтаи аввал ҳар корхонаву муассиса дар варзишгоҳи марказии шаҳр камп (хайма) дуруст карда, дастаҳои ҳунармандону мусиқачиёну раққосонро меоранд. Ҷалби онҳо як навъ мусобиқаро мемонад ва корхонаву ташкилоте, ки дастаҳои машҳуртарро орад, ҷомеаи меҳнатии пешсаф маҳсуб меёбад.

Коргоҳи мо имсол ният кардааст, ки ба ҷашн ҳофизони шинохтаи Тошқӯрғонӣ — Бангича ва Оишаро орад, — афзуд Муҳаммад Исмоил.

Ҳамон давру замон  дар қисмати шимоли Афғонистон Бангичаву Оиша сарояндагони машҳур буданд.

Бояд гуфт, ки оғози ҷашнгирии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Мазори Шариф назди Мақбараи  ҳазрати Алӣ (р) сурат мегирифт.

Аз Муҳаммад Исмоил хоҳиш кардам, ки ҷашнгирии ин идро дар мақбараи зикршуда шарҳ диҳад.

-Дар доираи омодагиҳо ба ҷашн мисгарон сархонаҳои калону хурди зиёд месозанд, — афзуд ҳамсуҳбатам.

-Ин сархонаҳо барои гумбазҳои Равзаи Шариф ба кор мераванд. Ба ҷуз сархонаҳо дар сақфи кошинкории равзана чароғҳои гуногуни барқиро овезон мекунанд.

Касе, ки ҷашни Наврӯзро тамошо карданӣ бошад, бояд саҳарии барвақт назди Равзаи Шариф ҳозир шавад. Пас аз соати 6.00 -6.30 ба дарвозаи Чаҳорбоғи Равза наздик шудан имконнопазир мегардад. Кӯчаҳо, рӯи боми дӯконҳо ва биноҳои истиқоматӣ, шохҳои дарахтон, ҳатто болои мошинҳо аз одам пур мешавад. Дар ҳавлии беруни Равза, ки тақрибан 1 га масоҳат дорад, вазъият ҳамин гуна хоҳад шуд. Вале ба ҳавлии даруни Равза, ки маросими асосии идона дар он ҷо баргузор мешавад, на ҳар кас дохил шуда метавонад. Дар он ҷо минбар меороянд, онро бо матоъҳои сурху сабз оро медиҳанд. Минбар дар миёнаи саҳни ҳавлӣ меистад. Баъд дар ҳамин ҷо маросими бардоштани «Ҷандаи муборак» сурат мегирад, ки аз ходаи дарози дар нӯгаш рӯймолҳои рангоранг басташуда иборат аст. «Ҷандаи муборак» — ро  «Алами ҳазрати Алӣ», яъне «Байрақи ҳазрати Алӣ» низ меноманд. Ин маросим тақрибан соатҳои 8:30 – 9:00 оғоз мешавад.

- Шумо — шӯравиҳо ба гаштугузори озодона одат кардаед ва издиҳоми зиёди мардум бароятон нохушоянд аст. Ман тамошои ин маросимро ба шумо маслиҳат намедиҳам, — гуфт ӯ.

Бо вуҷуди ин, дар оғози иди Наврӯз ман, Турдиалӣ Низомиддинов ва корманди намояндагии тиҷоратии сафоратхонаи шӯравӣ дар консулгарии вилоят бо истифода аз обрӯю нуфузи мушовир Низомиддинов, ки аксари афғонҳои мансабдор ӯро хуб мешинохтанду иззаташро ба ҷо меоварданд, тақрибан соатҳои 9.30 — 10.00 ба дарвозаи «Чаҳорбоғ»-и мавзеъ наздик шудем.

Чашмамон ба мӯйсафеде афтод, ки тақрибан 70 сол дошт. Ӯ дар сар салла ва дар тан куртаву эзори сафеду хилъати хурмоиранг дошт. Вай пораҳоро аз «Қуръон»-и маҷид қироат карда, ба забонҳои дарию ӯзбекӣ тарҷума мекард ва мардумро ба дастгирии давлат, обод сохтани Ватан даъват менамуд. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯ муфтии мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистони Иттиҳоди Шӯравӣ Зиёваддинхон ибни Бобохон будаанду барои табрики мусулмонон бо иди мубораки Наврӯз аз шаҳри Тошканд ба Мазори Шариф ташриф овардаанд.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар кампи корхона консерти Бангичаву Оишаро тамошо кардем. Бангича марди қадпасти ришу мӯйлабдори 50-52 — сола буд. Дар сар кулоҳи қароқулӣ ва дар тан пироҳану тунбони афғонӣ ва камзӯлча дошт. Оиша ҷавонзани болобаланди зебо буд.

Рӯзи сеюми ид тарҷумони идораи роҳсозони вилоят Бахтиёр Раҷабов — писари бастакори номии Ӯзбекистон Юнус Раҷабӣ, хабар овард, ки дар шаҳр гурӯҳи калони арбобони адабу санъати Ӯзбекистон бо сарварии сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Ӯзбекистони советӣ» Шавкат Ниёзов қарор доранд. Маълум гардид, ки пас аз нисфирӯз дар Техникуми нефту гази шаҳр, ки дар шафати корхонаи мо қарор дошт, консерти калон барпо мешавад. Ба ҳайат, ҳамчунин Артистони хизматнишондодаи Ӯзбекистон Муҳаббат Шамаева, Камолиддин Раҳимов, актрисаи Театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Тошканд Наима Пӯлотова, дастаи раққосони Ансамбли рақсии овозадори «Баҳор» шомил буданд.

Ба афғонҳо суруду таронаҳои Муҳаббат Шамаева хуш омаданд ва онҳо бо кафкӯбӣ талаб мекарданд, ки бонуи ҳунар саҳнаро тарк накунад.

Пас аз анҷоми консерт бо меҳмонону ҳунарпешагон мулоқот оростем. Шавкат Ниёзов аз шиносоӣ бо мо изҳори хушӣ карда, аз кору бору зиндагиамон дар ғурбат пурсон шуд.

Муҳаббат Шамаева чун аз тоҷик будани мо огоҳӣ ёфт, зуд наздамон омад ва бо забони тоҷикӣ суҳбат кард.

Ба назари ман ин ду консерт аз ҳам фарқ мекарданд. Ҳарчанд забони сурудаҳои Бангичаву Оиша дарӣ буд, вале суруду оҳангҳои халқҳои гуногуни шӯравӣ, ки садо доданд, дилнишинтар ба гӯш расиданд.

Шояд ин аз он хотир бошад, ки инсон дар ғурбат ба қадри Ватан бештар мерасад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»