Минтақаи Кӯлоб. Сокинони 93 деҳа аз барқ маҳруманд

№146 (4408) 07.12.2021

sdrИддае аз сокинони деҳаҳои музофоти Кӯлоб аз истифодаи неруи барқ маҳруманд ва манзилҳояшонро бо шамъ равшан мекунанд. Чаро?

Аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаба­каҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб» иттилоъ доданд, ки алҳол аҳолии 93 деҳа дар ҳафт ноҳияи минтақа аз барқ маҳруманд. Таассуфовар аст, ки ин омор тайи чанд сол боз бетағйир мондааст. Бо ҳамин сабаб хабарнигори рӯзнома дар минтақа баҳри огаҳии бештар пайдо кардан доир ба мавзӯъ ба ноҳияҳо рафт.

Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҷовидон Нуров, феълан деҳаи Саркокул, ки аз маркази ноҳия 13 км дур ҷойгир аст, барқ надорад. Он дорои 80 хоҷагӣ аст. Ҳамчунин, 44 деҳа дар ноҳия аз барқи доимӣ танқисӣ мекашанд.

- Ба маънои он ки барқ доранду аммо симчӯбҳое, ки аз тариқи он барқ дода мешаванд, фарсуда шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд, — гуфт Ҷ. Нуров.

Дар ноҳияи Фархор сокинони 22 деҳа барқи доимӣ надоранд. Дар робита ба ин мушкилот сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Комрон Насимов гуфт:

- Дар деҳаҳои Сурхоб 57 хоҷагӣ, ба номи Нурмат Сафар — 90, Наврӯз — 60, Уртабуз — 62, Аловуддин — 64 , Арча — 52, Некманзар — 45, Истиқлол — 56, Арча (мавзеи Пингонӣ) — 30, Золи Зар — 55, Давлатобод — 59, Тоҷикистон — 61, Саховат — 50, Бохтар — 65, Куҳандиёр — 61, Меҳровар — 56, Баҳористон — 58, Лолазор — 53, Қалъаи Пучқоқ 59 хоҷагӣ бо қувваи барқ дастрасӣ надоранд.

Деҳаҳои зикршуда бо қувваи барқ ба таври пурра таъмин нестанд. Хатҳои барқӣ аз солҳои 80-уми асри гузашта хизмат мерасонанд, ки фарсуда шуда, ниёз ба иваз кардан доранд. Ҳоло дар ноҳияи Фархор 724 пояи фарсудаи симчӯбҳо мавҷуданд. Қарзи истифодаи неруи барқ ба 21 миллиону 938 ҳазор сомонӣ расидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Муъминобод сокинони 19 деҳа низ дастрасӣ ба барқ надоранд. Хостем вобаста ба мушкилоти ҷойдошта бо сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Ҳабибулло Абдуллозода суҳбат намоем. Ду маротиба суроғи ӯ рафтем, аммо дар ҷойи кораш пайдо накардем. Ба зангҳои пай дар пайи телефонӣ ҳам ҷавоб нагирифтем.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ аҳвол чунин аст. Тибқи маълумоти ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб», сокинони 20 деҳа бо қувваи барқ дастрасӣ надоранд. Роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳия Исмоил Раҷабов ҳангоми суҳбат гуфт:

«Сокинони деҳоти «Саричашма», «Лангардара», «Шӯрообод» ва «Даштиҷум», ки 17 деҳаро дар бар мегиранд, барқ надоранд. Ҳоло аксари онҳо бо батареяҳои офтобӣ ва фонусҳои бобоӣ хона равшан мекунанд, — афзуд номбурда.

Зимни суҳбат сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Ховалинг Сайвалӣ Судуров иброз дошт, ки феълан сокинони панҷ деҳа — Охтош 25 хоҷагӣ, Фурудгоҳ — 85, Охтерак — 80, Ботинобод — 26, Маҳсобод 46 хоҷагӣ аз қувваи барқ бенасибанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи омор, дар ноҳия сокинони нуҳ маҳалла аз қувваи барқ маҳруманд, на панҷ деҳа.

-Деҳаи Охтош, — гуфт С. Судуров, — дар деҳоти ба номи Лоҳутӣ ҷойгир буда, аз солҳои шӯравӣ барқ надорад. Шабакаҳои барқи ноҳия қудрати бо барқ таъмин кардани онро надорад. Чунки деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи беш аз 17 км дур ҷойгир буда, хатти барқи 10 кВт-ро дар масофаи 7 ҳазору 200 метр кашидан лозим аст. Намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, инчунин ШСХК «Барқи Тоҷик» аз вазъи кунунии деҳа дидан карданд. Мутаассифона, маблағгузоре пайдо нашуд, ки кашидани хатти барқи онро ба зимма гирад, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Ӯ изҳор дошт, ки сокинони деҳаи Буғдояк, ки дорои 14 хоҷагӣ мебошад, аз панелҳои офтобӣ истифода мебаранд. Ҳоло бошад, қарзи истифодаи неруи барқ дар ноҳия 16 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ба ноҳияи Балҷувон рафтем. Дар он ҷо, тибқи омор, сокинони 37 деҳа барқ надоранд. Он дар минтақаи Кӯлоб ягона ноҳияест, ки дар рӯйхати барқнадоштагон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Роҳбарии Шабакаҳои барқи ноҳияро Олимҷон Ҳафизов ба зимма доштааст. Номбурда зимни суҳбати телефонӣ гуфт: «37 деҳа не, балки сокинони 29 деҳа дар ноҳия қувваи барқ надоранд. Дар деҳоти «Балҷувон» як деҳа (4 хоҷагӣ), ба номи Сафар Амиршоев 4 деҳа (27 хоҷагӣ), ба номи Сайф Раҳим 3 деҳа (50 хоҷагӣ) ва деҳоти «Сари Хосор» 20 деҳа (206 хоҷагӣ) умуман барқ надоранд», — қайд кард ӯ.

Дар ноҳияи Темурмалик низ солҳо боз аз набудани барқи доимӣ сокинони ҳашт деҳа дар азобанд. Сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Ҳасан Исматзода ҳангоми суҳбат зикр кард: «Аз замони директор таъин гардиданам ҳашт моҳ гузашт. Маълумоти пурра надорам, ки чанд деҳа барқ надорад…».

Рустам Сатторов, масъули тақсимоти барқи Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик гуфт: «Деҳаҳои бе барқ Қойсингир, Олмабулоқ, Гулбулоқ, Дастарқозӣ, Товатош, Култова, Калот ва Ойшабулоқ мебошанд, ки аз 3 хоҷагӣ то 32 хоҷагиро ташкил медиҳанд. Барои таъмин кардани онҳо бо барқи доимӣ маблағи калон лозим аст. Сабаби дигари набудани барқ надоштани трансформатор, ноқилҳои барқӣ, пояҳои оҳану бетонӣ дар Шабакаҳои барқи ноҳия мебошад. Аз вазъи кунунии деҳаҳои бе барқ масъулони ноҳия низ воқифанд. Чӣ кор кунем?», — суол пеш гузошт ӯ.

Р. Сатторов дар идома гуфт, ки айни замон дар тобеияти Шабакаҳои барқи ноҳия 13 ҳазору 835 пояҳои чӯбин ва зерпояҳои бетонӣ мавҷуд аст, ки аз ин 3503 адад фарсудаанд.

Албатта, гоҳ — гоҳе қатъ шудани қувваи барқ амри табиист. Вале ба ин ҳад аз барқ маҳрум будани сокинон, хоса, бо сабаби надоштани трансформатору ноқилу пояҳои сими барқ ва он ҳам дар асри ХХI, бисёр аламовар ва боиси таассуф аст. Бинобар ин, масъулинро мебояд, ки ҳар чӣ зудтар аз пайи ҳалли ин мушкили мардум шаванд!

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»