Нигаронӣ

Моҷарои «бақия» то кай идома меёбад?

№20 (3814) 15.02.2018

11799-11797-adb-2011-tjk-nk-taj-public-transport-fotorЧандест, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, радио ва телевизион, масъалаи барнагардондани бақияи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии пойтахт мавриди баҳсу мунозира қарор дорад.

Дар ҳақиқат, рӯзе нест, ки байни мусофирон ва пулчинаку ронандагон муноқишаву баҳс сар назанад. Ман соли чорум аст, ки дар пойтахт таҳсил ва зиндагӣ мекунам ва борҳо бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаам, хусусан, дар нақлиёти мусофиркаши №26, ки аз самти истироҳатгоҳи Шарора то Боғи миллӣ ҳаракат мекунад. Моҳи январ ҳамроҳи дӯстонам якчанд маротиба ба мусофиркашҳои ин хатсайр савор шуда, шоҳиди чунин ҳолатҳо гардидем. Ягон сафари мо бе баҳсу мунозира сурат нагирифтааст, зеро ронандаҳо ва пулчинакҳо аз қарори раиси шаҳр чашм пӯшида, арзиши роҳкироро 2 сомонӣ муқаррар намудаанд. Ҳол он ки роҳкиро 1 сомониву 60 дирам муқаррар гардидааст.

Гап сари он меравад, ки баҳсу мунозираҳо бобати бақия табъи дигар мусофиронро хира мегардонад. Масалан, шоми 3 феврал ман савори мусофиркаши хатсайри зикршуда гардидам ва қариб дар он занозанӣ мешуд. Мусофиреро, ки бақияи пулашро надоданд, қаҳраш омад.

Чунин ҳолатро на танҳо дар хатсайри №26, балки дар хатсайрҳои дигар низ мушоҳида намудан мумкин аст, ҳатто дар автобусу троллейбусҳо низ.

Ман аз роҳбарияти шаҳр, ки дар муддати хеле кӯтоҳ дар пойтахти кишвар дигаргуниҳои зиёдро ба вуҷуд оварданд, хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Шояд ба қарор аз 30 майи соли 2013 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш омадааст?!

Фаридун Бобохонов,

донишҷӯи факултети

ҳуқуқшиносии ДМТ