Монеаҳоро пурра аз миён бардоштан лозим

№123 (3917) 11.10.2018

Чанде пеш вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқис­тон Аристонбек Муҳаммадиулӣ зимни форуми туристӣ дар шаҳри Остона иброз дошт, ки масъалаи эътирофи раводиди муштарак миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист.

Тоҷикистону Қирғизистон низ ба ин мас­ъала мароқ зоҳир кардаанд. Коршиносон ба ин ақидаанд, ки мамолики зикршуда «Шенгени Осиёи Марказӣ» (Silk viza)-ро таъсис хоҳанд дод. Ба гуфтаи Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, «аҳолӣ аз ин бурд мекунад». Яъне, ҳар қадар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба сӯи иттиҳод ҳаракат намоянд, ҳамон андоза барои иқтисодиёти кишварҳо ва аҳолии минтақа муфид аст. Чанд сол пеш аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия бо шиносномаи дохилӣ рафтан мумкин буд. То моҳи апрели соли равон сокинони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ тӯли 5 рӯз метавонистанд дар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон меҳмон шаванд. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон раводид барҳам хӯрд, вале сафар танҳо тавассути шиносномаи хориҷӣ ба роҳ монда шуд.

Хулоса, шодии мардуми камбизоати ҷумҳурӣ дер давом накард, зеро онҳо аз сафари 5-рӯза тавассути шиносномаи дохилӣ маҳрум шуданд. Таассуфовараш ин аст, ки имрӯз на ҳама имкони бо 800- 900 сомонӣ соҳиби шиносномаи хориҷӣ шудан доранд.

Модом ки роҳбарони ҷумҳуриҳо ба иттиҳоду наздикшавӣ майл кардаанд, хуб мешуд, шарти ҳатман бо шиносномаи хориҷӣ ба кишварҳои ҳамдигар рафтанро бекор намуда, чун пештара бо шиносномаи дохилӣ низ сафар карданро ба роҳ монанд.

Ин иқдом мардуми минтақаро боз ҳам наздиктар мекунад ва боиси рушди тиҷорату туризм мегардад.

С. Суннатӣ, «Садои мардум»