Муъминобод. Аз иқдомҳои Назар-ако дастгирӣ намуданд

№103 (4053) 27.08.2019

Дар Муъминобод деҳаи зебоест бо номи Шаҳбача. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво марди саховатпеша Назар Қосимов ба камол расида, мақому манзалат ёфтааст. Бо тақозои ҳаёт ӯ ба вилояти Суғд кӯчида, бо одобу ахлоқи ҳамида, меҳрубонию ҷавонмардӣ вирди забонҳо гашт.

Номбурда даст ба тиҷорат зада, муваффақ шуд. Соҳиби сарват, обрӯю манзалат гашт. Ӯ тӯи арӯсии чандин ҷавонони камбизоатро гузаронида, ба даҳҳо камбизоат дасти мадад дароз намудааст.

Инсон ҳар куҷое бошад, меҳри зодгоҳ ӯро чун оҳанрабо сӯяш мекашад. Роҳи деҳаи Шаҳбачаро азнавсозию сангфарш кард. Сипас, ба бунёди бунгоҳи тиббию мактаби деҳа пардохт. Зеро кӯдакон роҳи дарозро тай карда, ба деҳаҳои ҳамсоя, маризон ба маркази ноҳияву шаҳри Кӯлоб мерафтанд. Бо иштироки вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ биноҳои зебову замонавии бунгоҳу таълимгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамон тантана Назар — ако изҳор дошт, ки дар масоҳати 5 гектар боғ ва барои 50 нафар хурдсол боғча бунёд менамояд. Дар ин ҷода корҳо идома доранд.

Солҳои 50-уми асри XX мардуми кӯҳистонро ба таҳдашт муҳоҷир карданд. Бо ҳукми тақдир сокинони Шаҳбача ба деҳаи Бешариқи ноҳияи Восеъ муҳоҷир шуданд. Ҳарчанд солҳои 90-ум теъдоде аз бошандагон барои эҳёи деҳоти бобоӣ ба Муъминобод баргаштанд, вале бештари мардум он ҷо монданд. Иқдоми дигари қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши Назар Қосимов эъмори бинои таълимгоҳи хуштарҳ дар деҳаи Заркамар барои 1000 толибилм маҳсуб мешавад. Акнун дар ҳар ду мактаби бунёдкардаи ӯ 1250  хонанда таҳсил менамоянд.

Инчунин, қобили зикр аст, ки ташаббусҳои ӯ дар Муъминобод дастгирӣ ёфтанд. Нахустин шуда, ба он соҳибкорон Амонулло Саъдуллозода, Раҷаб Раҷабов ва Акрам Раҳимов пайравӣ карданд. Акаи Амонулло ба самти мавзеи афсонавии Чилдухтарон ба масофаи 25 километр роҳи нави сангфарш ва пул бунёд кард. Раҷаб Раҷабов   дар маркази ноҳия Маркази хизматрасониро ба истифода дод, ки аз дӯкону сехҳои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, ошхона, дӯзандагӣ, мошину қолиншӯӣ ва ғайра иборат аст. Акрам Раҳимов дар деҳаи дурдасти Заркамар ду ҳавзи замонавии шиноварӣ, толори варзишӣ, ошхона ва меҳмонхона сохт. Соҳибкорон Музаффар Раҷабов, Зуҳуршо Сафаров, Ҳаким Ҷобиров, Нуралӣ Сулаймонов дар азнавсозию чароғон намудани роҳҳои деҳаҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолии гӯшти парҳезии паранда ва маҳсулоти ширӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ҳисса гузоштанд. Муҳим он аст, ки даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шуд. Айни замон дар ноҳия 50 соҳибкор ба бунёди 80 иншооти гуногуни истеҳсолию маишӣ машғул буда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтани 221 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Нурулло Ҳасанов, ноҳияи Муъминобод