Муъминобод. Бунгоҳҳои тиббӣ то ҳол дар хона ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгиранд

№122 (4072) 12.10.2019

davСокинони деҳаи Дегрези деҳоти «Чилдухтарон» — и ноҳияи Муъминобод аз солҳои шӯравӣ то ба ҳол аз набуди бунгоҳи тиббӣ азият мекашанд. 

Сокинон дар ҳолати бемор шудан намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Ягона илоҷ тай кардани 20 километр роҳ то ба маркази ноҳияи Муъминобод мебошад. Роҳи онҳо, ки дар ҳолати ҳузнангез қарор дорад, қад — қади соҳили дарёи Ёхсу деҳаро ба маркази ноҳия мепайвандад.

Айни ҳол дар Дегрез зиёда аз 150 хоҷагӣ умр ба сар мебарад. Дар робита ба ин мушкил сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарипов гуфт, ки аз ҳолати ҷойдошта ҳама огаҳанд. Бунгоҳҳои тиббӣ дар тобеияти Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия мебошанд. Ҳоло дар деҳоти «Чилдухтарон» шаш бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар ноҳияи Муъминобод ҳафт бунгоҳи тиббӣ дар хона ва панҷ адади дигар дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Сатҳи хизматрасонии тиббӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар беморхонаҳо беҳтар гардидааст.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод, ки аз 10 шуъба иборат аст, 28 нафар духтури дараҷаи олӣ ва 176 нафар духтури дараҷаи миёна фаъолият доранд. Беморхона дорои се мошини ёрии таъҷилӣ мебошад, ки ду ададаш таъмирталабанд.

Ба иттилои Р. Шарипов, айни замон дар ноҳия ҳафт деҳа бунгоҳи тиббӣ надорад.

Туйбошӣ Шерализода, ки сарварии Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминободро ба зимма дорад, вобаста ба мушкили ҷойдошта чунин изҳори андеша кард: «Дарвоқеъ, деҳаи Дегрез аз маркази ноҳияи Муъминобод дар масофаи дур ҷойгир аст. Солҳои шӯравӣ бунгоҳи тиббии он дар дохили мактаби таълимӣ фаъолият мекард. Баъди зиёд шудани шумораи хонандагон бунгоҳи тиббиро ба як хонаи шахсӣ кӯчониданд. Ҳоло ду ҳамшираи шафқат дар он ба сокинон хизмат мерасонанд. Чанде пеш дар деҳа бо дастгирии аҳолӣ аз тариқи ҳашар таҳкурсии бунгоҳи тиббӣ рехта шуд. Дар сурати ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар он бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Ҳоло, дар маҷмӯъ дар ноҳияи Муъминобод 21 маркази саломатӣ, 31 бунгоҳи тиббӣ ва 6 маркази соҳавӣ амал мекунанд».

Ин ҷо моро суоле ташвиш медиҳад, ки оё дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавон бо саҳлангории масъулини ноҳия рушди деҳотро ба роҳ монд?

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба куҷо менигарад? Чаро дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир нагардид?

Исломи РАҶАБАЛӢ«Садои мардум»