Садои ҳамватан

Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз қонунҳои нав огоҳ бошанд

№45 (3682) 27.04.2017

prev800_203d59a8e7ea7a4d1805078f159fbe55Баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, ки дар хориҷа кору таҳсил ва зиндагӣ кунанд. Алҳол, даҳҳо ҷавонони тоҷик дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия таҳсил доранд. Дар баробари ин, садҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо амри тақдир ба корҳои гуногун машғуланд. Мутаассифона, бештари ин ҳамватанон, ки ҷавон мебошанд, аз одитарин ҳуқуқҳои худ огоҳӣ надоранд. Ин аст, ки сари ҳар қадам ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар бо донишҷӯён, роҳбарони иттиҳодияҳои фарҳангӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриву мулоқот доир мекунанд. Бар замми ин, намояндагони сафорату консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳалталабро то ҳадди имкон ҳаллу фасл менамоянд.

Ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон низ дар ҳалли масоили ҳамватанони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, нақши назаррас доранд. Чанде пеш раиси Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикон «Ҳамватан» дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия Муриват Маликшоев ба шаҳри Душанбе омад ва аз ӯ хоҳиш намудем, ки доир ба фаъолият дар хориҷи кишвар ҳикоя кунад.

- Имрӯзҳо дар вилояти Иркутск шумораи зиёди ҳамватанон кору зиндагӣ доранд. Миёни онҳо духтур, ҳуқуқшинос, муҳандис, олим, иқтисодчӣ, омӯзгор, кормандони соҳаи сайёҳӣ, барқ ва ғайраро дидан мумкин аст. Боиси ифтихор аст, ки занҳо ва мардони тоҷик, махсусан духтурон ва ҳуқуқшиносон дар сохторҳои давлатии Иркутск кор мекунанд ва соҳиби обрӯву эътибор мебошанд. Қисме аз онҳо ассотсиатсияҳои духтурон, ҳуқуқшиносон ва иттиҳодияҳои занонро таъсис дода, ба ҳамватанон, минҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии тиббӣ мерасонанду маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд, — гуфт Муриват Маликшоев.

- Бояд гуфт, ки дар вилояти Иркутски Федератсияи Россия шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад, ки ба корҳои гуногун банданд. Тибқи  нишондодҳои оморӣ дар вилояти Иркутск зиёда аз 20 ҳазор нафар тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки расман мақоми шаҳрвандии Федератсияи Россияро соҳиб шудаанд. Яъне, ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди Россия мебошанд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар мавсими баҳору тобистон ҳар сол ба 40-50 ҳазор нафар мерасад, ки қисми зиёдашон — зиёда аз 70 фоиз дар иншооти сохтмонӣ кор мекунанд. Тақрибан 10-15 фоизи онҳо ба савдои хурду миёна ва танҳо 3 фоиз ба соҳибкорӣ машғуланд. Аз шумораи умумии муҳоҷирон беш аз 10 фоизро занон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки бори аввал 21 майи соли 2014 Иттиҳодияи занони Тоҷикистонии вилояти Иркутск бо номи «Бону» ташкил шуд, ки ҳоло зиёда аз 500 аъзо дорад. Роҳбарии ин иттиҳодияро зани ташаббускор Маърифат Бафозода бар уҳда дорад, — афзуд М. Маликшоев.

Ҳамсуҳбати мо дар идома зикр намуд, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавононе ҳастанд, ки бори аввал ба Россия сафар кардаанд. Онҳоро аз тарзи рафтору гуфтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан дар фуруд­гоҳ, вокзал, дар қатора ва дигар ҷойҳо зуд маълум кардан мумкин аст. Аксарият маданияти либоспӯшӣ ва тарзи муоширатро намедонанд ва ягон касб надоранд. Мо маҷбур мешавем, ки бо онҳо кор кунем ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориро нишон диҳем, зеро масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ хеле муҳим аст. Шиноснома ва дипломҳои онҳо аз ҷиҳати имло ва забони русӣ хатоии зиёд доранд. Масалан, дар шиноснома ном ва насаб як хел навишта шуда бошад, дар диплом ё дигар ҳуҷҷатҳо дигар хел навиштаанд. Ҳамаи ин боиси саргардонии муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.

Вазифаи ҷамъияти мо дар он аст, ки ба чунин шахсони корафтода дар ғарибӣ кумак расонем ва онҳоро аз корҳои ношоиста боз­дошта, ба меҳнати ҳалол раҳнамоӣ намоем.

Мо ҳар сол Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро дар сатҳи баланд таҷлил менамоем.

Агар гӯям, ки ҷамъияти мо дар гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷрибаи зиёд дорад, хато нахоҳад шуд, зеро ҳанӯз соли 2007 таҳти унвони «Пули дӯстии Тоҷикис­тон – Иркутск» як қатор чорабиниҳо гузаронда будем. Аз Тоҷикистон санъаткорон ва варзишгарони касбиро даъват кардем. Намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ ва ҳунарҳои дастиро ташкил намудем. Сарояндагони шинохтаи тоҷик дар назди ҳозирин бо барномаи ҷолиб ва рангин баромад карданд.

Дар чойхонаи миллии тоҷикӣ, ки ба ин муносибат бунёд гардид, хӯрокҳои миллӣ омода ва иштирокдорон — сокинони вилояти Иркутскро меҳмондорӣ намудем.

Бори нахуст дар ин чорабинӣ намоиш ва фурӯши китобҳои адибони классик ва муосири тоҷик ташкил шуд. Тоҷикони муқими вилояти Иркутск бо мароқи зиёд китобҳои дилхоҳашонро дастрас намуданд. Дар хотимаи чорабинӣ ба роҳбарони вилояти Иркутск чун рамзи эҳтиром ҷома ва тоқии чустӣ пӯшондем.

Ҳафтанома бо номи «Садои Осиё» («Голос Азия») бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. Дар баробари хабару мақолаҳои ҷолиб мо ният дорем, ки қонунҳои нав қабулшударо дар он барои ҳамватанонамон шарҳ диҳем, то ки онҳо аз ин хусус огоҳӣ дошта бошанд.

Пӯшида нест, ки баъзе муҳоҷирон пас аз 5-10 сол ба Ватан бармегарданд ва аз талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашни маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайра маълумот надоранд. Аз ин ҷост, ки қисми зиёди онҳо баъди бозгашт тӯю маросимҳои бодабдаба ташкил мекунанд ва мувоҷеҳи мушкилот мегарданд. Нақши ҳафтанома, дар фаҳмондадиҳии қонунҳо хеле калон аст.

Иқдоми дигаре, ки ҷамъияти мо амалӣ намуд, таҳияи филми мустанади «Тоҷикон дар Иркутск» (дар ду қисм) мебошад. Филми мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикон «Ҳамватан» дар вилояти Иркутск ва ҳукумати вилояти Иркутск таҳия шуд. Ин аввалин филми мустанад аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Россия аст, — гуфт дар хотимаи суҳбат Муриват Маликшоев.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»