Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Уфа Маркази фарҳангии «Умари Хайём» таъсис доданианд

№140 (4090) 21.11.2019

Суҳбат бо раиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон» ба номи Исмоили Сомонӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Абдулло Зайдуллоев

DSC_1583- Абдулло Нуруллоевич, ибтидо каме дар бораи фаъолияти ҷамъияти тоҷикон маълумот диҳед.

- Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон» ба номи Исмоили Сомонӣ соли 2000-ум таъсис ёфта, яке аз собиқадортарин диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия ба шумор меравад. Аз соли 2015 сарварии онро ман ба зимма дорам. Ҳамон сол, вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Уфа омаданд, бо тоҷикони муқими Ҷумҳурии Бошқирдистон мулоқот карданд. Қадами мубораку дуои некашон дар фаъолияти ҷамъият такони ҷиддӣ бахшид.

Алҳол, тибқи маълумоти расмӣ, дар Ҷумҳурии Бошқирдистон 9700 нафар ҳамватанон зиндагӣ карда, ба ҳайси ронанда, муҳандис, духтур, муаллим ва ғайра фаъолият доранд ва аксарият бо меҳнати ҳалолу ахлоқи ҳамида ва муттаҳидӣ соҳибэҳтиром гардидаанд. Миёни онҳо варзишгарони муваффақ бисёранд. Умуман, аксар тоҷикис­тониҳое, ки дар Ҷумҳурии Бош­қирдистон зиндагӣ мекунанд, ба ин ё он намуди варзиш пайваста шуғл меварзанд. Барои мисол, чанде пеш Муҳаммадраҳим Саломов, ки дар мақомоти умури дохилии Ҷумҳурии Бошқирдистон кор мекунад, дар мусобиқа миёни кормандони мақомоти пулиси Федератсияи Россия оид ба гӯштини дзю-до ҷои якумро ишғол кард. Муҳаммадҷон Раҳимов бошад, дар варзиши якҳарбаи шарқӣ Чемпиони Бошқирдистон ва Федератсияи Россия шуд. Онҳоро тавассути соҳибкорони саховатманд аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунем, то ин ки ба мусобиқаҳои сатҳи боло роҳ ёбанд.

- Ҷашну идҳои миллиро чӣ гуна таҷлил менамоед?

- Чун анъана, онҳо аз рӯи нақша хеле бошукӯҳ доир мегарданд. Масалан, соли равон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро хеле ҷолибу хотирмон баргузор кардем, ки дар он 9000 кас иштирок намуданд. Аз ҷумла, 13 нафар меҳмон аз Тоҷикистон низ ширкат варзиданд, ки дар миёни онҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, вакилони мардумӣ, ҷавонони Созмони «Авангард» буданд. Бародарони ӯзбек, туркман, доғистонӣ, рус, бошқирд ва тоторҳо низ ҳузур пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Бошқирдистон таҳсил доранд, бо мо ҳамкорӣ мекунанд Аз рӯи маълумоти расмӣ, ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии нефту техникии Уфа ва ғайра 848 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил менамоянд.

Чанде пеш бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва ­Ассамблеяи халқҳои Бошқирдистон ба муносибати 25-солагии «Хонаи дӯстии халқҳои Бошқирдистон» Фестивали мусиқӣ баргузор шуд, ки дар бахши «Суруди халқҳои ҷаҳон» донишҷӯи фаъоли тоҷик Амирхӯҷа Шарифов сазовори ҷойи дуюм гардид.

- Оё миёни табибони тоҷике, ки дар Бошқирдистон фаъолият мекунанд, нафаронеро низ пайдо кардан мумкин аст, ки беморхонаи хусусӣ дошта бошанд?

- Ба фикрам, алҳол не. Аммо дар Беморхонаи марказии шаҳри Уфа доктори илми тиб Моҳлиқо Қодирова ва Эшонҷон Раҳимов, Юсуфалӣ Қодиров, Раҳматулло Маҳмадов барин табибони ҳозиқ кор мекунанд, ки бо дониши баланду муомилаи неку самимӣ соҳиби обрӯву эҳтиром гардидаанд.

Дар бозори «ЕвроАзия» (калонтарин дар минтақаи Поволже, ки 12 гектар масоҳат дошта, 3000 тоҷикистонӣ дар он фаъолият мекунанд)-и шаҳри Уфа низ бо ташаббуси соҳибкор Фурқат Икромов нуқтаи тиббӣ кушода шудааст, ки дар он ба муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад. Дар он ташхиси ултрасадо низ ба роҳ монда шудааст.

DSC_1620- Муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумо бештар бо кадом масъала муроҷиат менамоянд?

- Аксар вақт онҳо аз сабаби дуруст надонистани забони русӣ ва надоштани ихтисоси муайян ба мушкилӣ дучор мешаванд. Иддае ҳатто барои пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ саводашон намерасад. Аз ин рӯ, ҳоло дар Вазорати оила, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Бошқирдис­тон намояндаи ТҶМ «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон» ба номи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамояд, ки ба корафтодагон дар пур кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ кумак мерасонад.

Яке аз бурдҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷики муқими Бошқирдистон дар он аст, ки дар шаҳри Уфа Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки он ягона миёни кишварҳои хориҷӣ дар Бошқирдистон ба шумор меравад. Махсусан, аз рӯзе, ки Эмом Саид Давлат дар он ба вазифаи консули генералӣ ба фаъолият оғоз намуд, низому тартиб ба маънои мусбат тағйир ёфт. Дигар навбатпоиву асабонӣ гардидан ва беҳуда зоеъ кардани вақт аз ҷониби муроҷиаткунандагон мушоҳида намегардад. Чунки ҳар як мушкили онҳо сари вақт роҳи ҳалли худро пайдо менамояд.

- Муносибати мардуми таҳҷоӣ чӣ гуна аст?

- Ба сокинони таҳҷоӣ, бахусус, бошқирдҳо, хулқу атвори тоҷикон ва ҳалолкориашон писанд аст. Муфтии мусулмонони қисмати Осиёии Федератсияи Россия Талъат Тоҷиддин ҳамеша дар маъвизаҳояш ба сокинони Бошқирдистон таъкид менамояд, ки «ахлоқи ҳамида ва эҳтироми калонсолонро аз тоҷикон ёд гиред». Маҳз ҳамин меҳру муҳаббат нисбат ба тоҷикон аст, ки дар маркази шаҳри Уфа барои эҳтиром кӯчаеро ба номи тоҷикон («Таджикская улица») гузоштаанд.

Инчунин, шукр мегӯем, ки ҳамватанон дур аз Ватан ҳам расму оини аҷдодиро пос дошта, соҳибэҳтиром гаштаанд.

- Бо мақсади пешрафти фаъолият дар оянда чӣ нақша доред?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 зимни вохӯрӣ бо тоҷикони муқими Бош­қирдистон тавсия доданд, ки бо мақсади муаррифии забону фарҳанги миллӣ маркази фарҳангии тоҷиконро таъсис диҳем. Барои амалӣ кардани ин кори нек тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо «Хонаи дӯстии халқҳои Бошқирдистон» маркази фарҳангии «Умари Хайём»-ро кушоем. Дар он баробари муаррифии урфу одат ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин, маҷмӯи рубоиёти бо дигар забонҳо чопшудаи Умари Хайёмро низ хоҳем гузошт. Зеро на танҳо дар Бошқирдистон, балки дар Федератсияи Россия ҳаводорони осори Умари Хайём хеле зиёданд.

Мақсади дигар бештар ворид кардани меваю сабзавоти кишвар ба Бошқирдистон аст. Танҳо соли равон аз Тоҷикистон ангур-2300 тонна, зардолу-400, хушкмева-600, олу-370 ва хурмо-190 тонна ба бозори шаҳри Уфа ворид кардем. Аз афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ҳам боғдорону сабзавоткорон бурд мекунанд ва ҳам арзи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

Инчунин, дар шаҳри Нефтекаменски Бошқирдистон соҳибкори тоҷик Саидҷамол Замонов корхонаи истеҳсоли шарбати меваю сабзавот сохтааст, ки дар он 70 нафар аз ҳамватанон кор мекунанд. Оянда шумораи чунин корхонаҳо зиёд хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар назди бозори «ЕвроАзия» дар майдони 10 ҳазор метри мукааб чанд сардхона сохтанием. То ин дам бо харҷи 90 миллион рубл таҳкурсии онро бунёд кардем. Баъди ба истифода додани он боз 600 нафар ҳамватан бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Душанбе-Москва-Уфа-Душанбе